Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барномаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандиро дар Осиёи Марказӣ расман оғоз намуд, ки онро Фонди Авруосиё амалӣ мегардонад (www.eurasia.org).
Ташаббуси панҷсола бо маблағи 18 миллион доллари амрикоӣ, бо мақсади рушди ҷомеаи фаъол ва масъули шаҳрвандӣ, тариқи дастгирии ҷавонони фаъол дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешавад.
Дар маросими муаррифии барнома беш аз 100 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, байналмилалӣ ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ширкат варзиданд.

Кордори муваққатии Сафорати ИМА - Ҷон Гинкел, Вакил, намояндаи кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷамшед Муртазоқулов ва сардори шӯъбаи омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Хуршед Додихудоев назари хешро оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон иброз намуданд.
Барномаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ барои иштироки фаъолонаи ҷавонон дар масъалаҳои мубрами ҷомеа ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мусоидат намуда, ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар рушди институтсионалӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои бардавому устувории молиявӣ, кӯмак хоҳад кард.

Дар доираи барнома “Академияи ҷавонони пешсафи Осиёи Марказӣ” таъсис дода шуда, дар он насли ҷавони минтақа аз синни 18 то 30 сола оид ба навгониҳои муосир барои беҳтар намудани сифати зиндагии ҷомеа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, омӯзиш хоҳанд гирифт.
Ҳамзамон, барнома омӯзиши фаъолони ҷамъиятиро барои ба роҳ мондани гуфтушуниди муфид бо сохторҳои давлатӣ ва бунёди ташкилотҳои шаҳрвандии ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеа, роҳандозӣ мекунад.
USAID - агентии пешбари рушди байналмилалӣ буда, ба ҳайси муҳаррик барои ноилшавӣ ба рушди босубот баромад мекунад. USAID дар фаъолияти худ ба тақвияти амнияти миллӣ ва шукуфоии иқтисодии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоидат мекунад, саховатмандии амрикоиро нишон медиҳад ва роҳи расидан ба худкифоятиро ташвиқ мекунад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва сафҳаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста