Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ содироти баъзе маҳсулоти ғизоиро аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) манъ кард. Дар ин рӯйхат марҷумак (гречка), арзан, ярма, орди дурушт ва ғайра зикр шудааст.
Ду моҳи аввали соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 14,6 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 3,5 млн доллар ворид шудааст, ки нисбат ба ду моҳи аввали соли гузашта аз рӯйи вазн – 25,6% ва аз рӯйи маблағ – 28,6% бештар аст.
Давоми ду моҳи аввали соли ҷорӣ воридоти гандум ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 95 ҳазор тонна ба маблағи 21,5 млн доллар сурат пазируфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн – 52,1% ва аз рӯйи арзиш – 42,2% камтар мебошад.
Қобили зикр аст, ки орду гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид карда мешаванд.
Соли гузашта Тоҷикистон наздики 1 млн тонна зироати ғалладона ва 56 ҳазор тонна орд ворид карда буд. Ба ақидаи сиёсатшиноси Русия Дмитрий Верхотуров, вазъ дар бозори Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳанӯз то хуруҷи коронавирус – охири соли 2019 ва аввали соли 2020 аллакай душвор шуда, болоравии нархи маҳсулот ба мушоҳида мерасид, ки бозгӯйи норасоии он аст ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо ин вазъро мушкилтар месозанд.
Қазоқистон эълон кард, ки то моҳи августи соли 2020 орди гандумиро ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Афғонистон дар доираи квотаи муқарраршуда мефурӯшад. Маҳдудият то 1-уми августи соли 2020 амал карда, ҳаҷми квотаҳоро ҳар моҳ Вазорати кишоварзии Қазоқистон муайян мекунад.
Ба гуфтаи Дмитрий Верхотуров, мувофиқи мақсад мебуд, агар дар доираи ИИАО барои ҳалли муштараки масъалаи таҳвили зироати ғалладона ва орд аз Қазоқистон ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ комиссияи умумии маҳсулоти ғизоӣ таъсис дода шавад.
Тибқи маълумоти Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати Тоҷикистон, дар анборҳои ин сохтор барои 9,5 млн нафар аҳолии кишвар дусола захираи маҳсулот нигаҳдорӣ мешавад.
Аз маҳсулоти дар рӯйхати ИИАО зикршуда Тоҷикистон худро бо пиёз, сир (чеснок), шалғам, тухмии офобпараст ва биринҷ таъмин карда метавонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кто сказал, что у бизнеса не женское лицо? Истории таджикистанок, которые открыли и успешно развивают свое дело
«Возмездие неотвратимо». Путин утвердил ядерную доктрину России
Делегация Таджикистана отправилась укреплять связи с Малайзией и странами АСЕАН
Где сходить по нужде? Составили карту общественных туалетов Душанбе
Неделя математики, физики и компьютерных наук: в Таджикистане завершился образовательный проект СКФУ
Военная прокуратура Куляба расследует причины гибели служившего в погранвойсках срочника
Талибы усилили контроль за запретом на показ людей в СМИ
Женщинам с инвалидностью в Таджикистане практически недоступны медицинские услуги. Как можно изменить ситуацию?
Из Узбекистана будут депортировать иностранцев за оскорбления страны
"Озоди": Чоршанбе Чоршанбиев стал фигурантом еще одного дела и получил новый срок
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста