Имрӯз як қатораи боркаш бо кумаки башардӯстонаи ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе омад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ба ҷумҳурӣ 18 вагон ворид шуд. Бори вагонҳо аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборат аст.
Ба иттилои манбаъ, кумаки башардӯстона бо супориши шахсии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон фиристода шудааст.
Қатора бо кумаки башардӯстонаи кишвари ҳамсояро муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва вазири тандурустӣ Насим Олимзода пешвоз гирифтанд.
Ёдрас мекунем, ки айни замон қариб дар ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон сиротятёфтагони коронавирус ошкор шудааст. Аз оғози хуруҷи беморӣ то имрӯз, 9-уми апрел дар ин кишвар 555 мубталои коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 нафар фавтиданд ва 30 каси дигар шифо ёфтанд.
Дар ҳамсоякишвар карантин эълон шудааст, аммо ҳаёти рӯзмарра идома дорад. Фермерону деҳқонон ба корҳои кишооварзӣ оғоз карда, корхонаҳои стратегии саноатӣ ва бинокороне, ки иншооти барои давлат муҳимро бунёд мекунанд, бо риояи қоидаҳои карантин кори худро давом медиҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста