Бегоҳи имрӯз, 10-уми апрел таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Мирҳамуддин Камолзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор шуд.
Дар ҷаласа омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла, бистарӣ ва табобат кардани сироятёфтагон, тақвияти назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъмини духтурон бо либосҳои муҳофизатӣ, афзоиши корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва масъалаҳои дигар баррасӣ шуданд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, айни замон Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба реҷаи фаъолияти омодабоши сатҳи баланд гузаронида шуда, ҳамчун яке аз муассисаҳои провизорӣ барои қабули гумонбарон ба сирояти коронавируси COVID-19 муайян карда шудааст. Дар ҳолати зарурат мувофиқ ба имконияташ гумонбарон дар ин дармонгоҳ ҷойгир мешаванд.
Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо тамоми иқтидораш, инчунин Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон – “Шифобахш” (Қарияи боло) низ барои ҷойгир кардани гумонбарони сирояти коронавирус омода карда шудаанд.
“Дар маҷмӯъ, 3150 кати табобатии нав барои сироятёфтагон тайёр карда мешаванд. Ин ҳадди ниҳоӣ набуда, вобаста ба ҳолати пешомада боз катҳои иловагии нав ҷудо хоҳанд шуд”, - хабар медиҳад вазорат.
Қобили зикр аст, ки аз 1-уми феврал то имрӯз, 10-уми апрел 7362 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 5482 кас ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 1880 нафарашон дар карантин қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Благополучие детей висит на волоске». Какие права детей нарушаются в Таджикистане и какое будущее их ждет?
Узбекистан планирует упростить пересечение границ с Таджикистаном
Таджикский шахматист Сухроб Хамдамов стал чемпионом Азии
Как перевести до 100 000 рублей из России в Таджикистан
Коронавирус стал сезонным? В России выросла заболеваемость COVID-19
Сборная Таджикистана по футболу обыграла Афганистан
Президент Таджикистана запустил завод по производству мотороллеров в Худжанде
Telegram Premium «в подарок». Пользователей популярного в Таджикистане мессенджера вновь атакуют мошенники
Пакистан и Иран выдворили более двух миллионов афганских беженцев
Таджикские дзюдоисты примут участие в последнем мировом старте сезона
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста