Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба нашрияи расмии “Ҷумҳурият” гуфтааст, ягон асоси воқеӣ барои эълони карантини саросарӣ дар кишвар айни замон вуҷуд надорад.
“Барои эълони карантин, бахусус , карантини саросарӣ асос лозим аст. Хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст ”, - изҳор дошт вазир.
Ба қавли ӯ, барои кормандони тиб аз ҳисоби буҷети давлатӣ маоши иловагӣ ҷудо карда мешавад. “Бо мақсади таъмини амнияти санитарии табибони вобасташуда ва кормандони хизматрасон, онҳо бо либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва тамоми шароити зарурӣ таъмин гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо маоши иловагӣ ҳавасманд гардонда мешаванд. Дар баробари ин, кормандони тиббии вобасташуда дар ҳолати карантин пурра бо лавозимот ва ашёи инфиродии ҳифзкунандаи яккарата таъмин карда мешаванд”, - гуфт Насим Олимзода.
“Сифати пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон, чӣ дар самти пешгирӣ ва чӣ дар самти ташхису табобат аз дигар давлатҳо фарқияти зиёд надорад. Имрӯз хизматрасонии тиббӣ бо усулҳои муосири ташхису табобат тавассути таҷҳизоти замонавӣ сурат мегирад. Ҳангоми сар задани ҳолатҳои сироятёбӣ айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар барои дар як вақт бистарӣ ва табобат намудани 5000 сироятёфта шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, дар ҳолати пайдо шудани зарурат ҷумҳуриямон метавонад имконияти бештарро сафарбар созад”, - афзуд вазир.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон то имрӯз, 13-уми апрел ягон нафари мубталои коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста