Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ имрӯз, 22-юми апрел бо нашри як хабар даргузашти 4 гирифтори илтиҳоби шуш дар беморхонаи Душанберо тасдиқ кард.
“Вақтҳои охир гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории пневмония дар Тоҷикистон авҷ гирифта, боиси фавти чанд нафар шудааст. Бо мақсади чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус вазорат тасмим гирифтааст, ки беморони илтиҳоби шуш ва дигар бемориҳои роҳҳои нафаскаширо дар як марказ бистарӣ карда, ба табобат фаро гирад. Айни замон ҳамаи ин беморон дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе “Якум Советский” бистарӣ мебошанд”, - омадааст дар ин хабар.
Бино ба иттилои сарвари Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе Хуршед Рустамзода, аз бегоҳии дирӯз то имрӯз, 22-юми апрел воқеан 4 нафари аз 60 то 73-сола аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Ду шахси фавтида сокинони шаҳри Душанбе, як нафар аз ноҳияи Варзоб ва як нафар аз ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Ин шахсон дар баробари илтиҳоби шуш, ҳамзамон бемории ишемикии дил, фишорбаландӣ, норасоии шадиди гурда, диабети қанди намуди 2 низ доштанд. Айни ҳол 3 бемори дигар дар ҳолати вазнин мебошанд. Ҳоло дар ин марказ 114 нафар муолиҷа мегиранд.
Қаблан зимни як ҷаласаи ситоди вазорат Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ гуфта буд, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир на танҳо дар баробари таъсири манфӣ расонидан ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҳамзамон ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, илтиҳоби шуш зиёд ба мушоҳида расид.
Тибқи иттилои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, соли 2019 шумораи гирифторӣ ба баъзе бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон чунин буд: зуком (грипп) – 9982 нафар, илтиҳоби шуш (пневмония) – 12802 нафар, ОРВИ – 350702 нафар, диққи нафас – 1293 нафар ва домана – 8 нафар.
“Яъне омори мазкур гувоҳи он аст, ки гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, илтиҳоби шуш ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд ҳангома сохт”, - навиштааст вазорат.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, аз бемориҳои узвҳои нафаскашӣ, аз ҷумла, пневмония дар миқёси ҷумҳурӣ давоми солҳои 2015 – 1798 нафар, 2016 – 1811 нафар, 2017 – 1335 нафар, 2018 – 1067 нафар ва дар соли 2019 – 1031 нафар фавтиданд.
“Чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар кишвар бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуд, қабл аз фавт ба онҳо ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда, натиҷаашон манфӣ баромада буд”, - таъкид кардааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста