Аз буҷети давлатӣ 6,5 миллион сомонӣ барои пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар вилояти Суғд ҷудо шудааст.
Имрӯз, 27-уми апрел зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятии зиддиэпидемикӣ дар ин бора маълумот дода шуд.
“Тибқи иттилои сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода, бо харҷи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маҳлулҳои безараркунанда, ниқобҳои махсуси тиббӣ ва антисептикҳо харидорӣ шуданд. Ҳамзамон ба маблағи 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ дастгоҳҳои зарурии тиббӣ, аз қабили ИВЛ, кардиомонитор, пулси оксиметрӣ, инчунин корҷомаҳои тиббӣ ва 40 намуди доруворӣ хариданд”, - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Ба қавли манбаъ, дар зарурат боз иловатан маблағ ҷудо карда мешавад.
Давоми чанд шабонарӯзи охир дар шаҳри Хуҷанд кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо, истгоҳҳо, роҳравҳо, даромадгоҳи хонаҳои баландошёна ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпедимологӣ дезинфексия карда мешаванд.
Сардори ин марказ Эҳсон Саидов гуфт: “Се шабонарӯз инҷониб 15-18 нафар кормандону мутахассисон ҷойҳои ҷамъиятиро бо маҳлулҳои махсус безарар мекунанд. Асосан, ин корҳоро мо шабона баъд аз соатҳои 23 ё 24, вақте мардум дар хонаҳояшон ҳастанд, амалӣ мекунем”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар вилояти Суғд онҳоро бо техника ва маҳлулҳо таъмин кардаанд. Ҳоло 22 таҷҳизоти дастӣ ва як нақлиёти обпош барои корҳои безараргардонӣ истифода мешаванд.
Ҳамзамон аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, ки безараргардонӣ бо маҳлулҳои махсус дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд роҳандозӣ шудааст.
Имрӯз вобаста ба пешгирии COVID-19 гурӯҳи безараргардонии раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд низ беш аз 10 бинои баландошёнаи маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷандро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлорид натрий дезинфексия кард.
Сухангӯйи ин ниҳод Шаҳзода Бутаева қайд кард, ки безараргардонӣ марҳила ба марҳила на танҳо дар Хуҷанд, балки дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ амалӣ хоҳад шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста