Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе мавсум ба “1-ум Советский” то имрӯз, 27-уми апрел “319 нафарро ба гумони мубталоӣ ба сирояти бемории илтиҳоби шуш қабул кардааст, ки 136 нафарашон кормандони соҳаи тиб мебошанд”. Дар ин бора сарвари ин беморхона Хуршед Рустамзода зимни суҳбати телефонӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
“Дирӯз 107 кас пас аз табобати пурра ба ҳаёти рӯзмарраву осоиштаи худ баргаштанд ва боз 30 нафари дигар ба рухсатёбӣ омодагӣ мегиранд. Боиси таассуф аст, ки дар ин гирудор 11 кас талаф ёфтаву айни ҳол 8 нафар беморон дар шуъбаи эҳё қарор доранд”, - гуфтааст Хуршед Рустамзода.
Ёдрас мекунем, ки давоми ду шабонарӯзи ҳафтаи гузашта дар ин дармонгоҳ аз илтиҳоби шуш 7 нафар вафот карданд. Аз бегоҳи 21-уми апрел то рӯзи чоршанбе, 22-юми апрел дар ин беморхона якбора 4 кас фавтиданд. Ин маълумотро ба “Азия-Плюс” сарвари он Рустамзода ва чанде баъд Вазорати тандурустӣ ҳам тасдиқ кард.
23-юми апрел дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе боз 3 нафар аз илтиҳоби шуш даргузаштанд. Дар бораи вафоти онҳо ба “Азия-Плюс” як манбаъи муътамад дар беморхонаи мазкур хабар дод, аммо инро дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ он замон рад кард.
24-уми апрел табиб-физиотерапевти 57-сола Фаттоҳ Солиев дар ин беморхона фавтид.
Боз 3 шахси фавтида киҳоянд, номаълум аст. Дар матлаби имрӯз нашркардаи Вазорати тандурустӣ кай даргузаштани онҳо зикр нашудааст.
“Илтиҳоби шуш дар кишвар авҷ гирифтааст”
“Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳолати мавҷуда дар канор нест. Вақтҳои охир бемории илтиҳоби шуш (пневмония) дар кишвар авҷ гирифта истодааст. Вобаста ба ҳолати пешомада аз ҷониби Вазорат ба кулли кормандони тиб дастур дода шудааст, ки ҳамаи ҳолатҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва зуком пурра таҳти назорат (карантин) қарор дода шуда, зимни дарёфти ҳолатҳои илтиҳоби шуш фавран ба табобати зиддивирусию зиддибактериявӣ фаро гирифта шаванд”, - навиштааст Вазорати тандурустӣ.
Тибқи иттилои Озмоишгоҳи тандурустии ҷамъиятии Вазорат, ба Тоҷикистон 46 ҳазору 900 тест ворид шудааст (23 ҳазор аз Русия, 22 ҳазор аз Чин ва 1900 тест аз Олмон). То имрӯз дар ин озмоишгоҳ 4100 тест мавриди истифода қарор гирифта, 800 санҷиши такрорӣ анҷом дода шудааст.
Ба қавли муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Мирҳамуддин Камолзода, зимни гузоштани ташхиси бемор илова ба таҳлили лабораторӣ барои дарёфти сирояти коронавирус, инчунин бо тестҳо шаҳрвандоне санҷида мешаванд, ки нишонаҳои бемории пневмонияро доранд. Дар ин ҳолат акси рентгенӣ, томографияи компютерӣ, таҳлили умумии хун ва балғам низ ба инобат гирифта мешавад. Вай афзуд, ки ҳамаи тестҳо аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ озмуда шудаанд ва дорои сертификати сифат мебошанд.
“Санги дар бағал доштаашонро афканда истодаанд”
“Вақтҳои охир новобаста ба талошҳои шабонарӯзии роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҷиҳати пешгирӣ ва барҳам задани пандемияи саросарии коронавирус, неруҳое мақомоти марбутаро ба бесалоҳиятӣ ва аз тасмими саривақтию муассир кор нагирифтан айбдор мешуморанд. Санги дар бағал доштаашонро ба сӯи онҳое, ки ҷон дар кафи даст бе танаффус, ба таври шабонарӯзӣ дур аз аҳли оилаву азизонашон пайи солимиву табобати шаҳрвандон талош доранд, афканда истодаанд”, - изҳор доштааст Вазорат.
Гуфта мешавад, ки ҳанӯз 23-юми январи соли 2020 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо мақсади пешгирии интиқоли бемории коронавирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст. Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, он ба тамоми муасисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол шудааст.
“Ниҳоди мазкур аз рӯзҳои аввал бо тасмимоти таъҷиливу муассир оид ба чораҳои пешгирии сирояти коронавирус ба аҳолии кишвар назорати шабонарӯзии ташхису табобатро аз сирояти эҳтимолии ин беморӣ роҳандозӣ кард, - афзудааст Вазорат. - Дар хатти пеши мубориза бо ин вабои аср табибон қарор доранд ва маҳз онҳо бештар байни ҳаёту мамот ҷонталошиҳо хоҳанд кард. То имрӯз дар беш аз дусад давлати ҷаҳон зиёда аз 3 миллион сироятёфтагони коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин миён 200 ҳазор нафар фавтидаанд, ки сеяки ин шумораи умумиро табибон ташкил медиҳанд”.
Пизишкон воситаҳои муҳофизатро худашон мехаранд
Дар ҳамин ҳол, табибонро дар баъзе беморхонаҳои ҷумҳурӣ уҳдадор кардаанд, ки аз ҳисоби худашон воситаҳои муҳофизат харида, ба мубориза бо хуруҷи коронавирус омода шаванд.
“Мо чанде пеш маҷмӯи пурраи чунин либосро бо нархи 450 сомонӣ харидем. Шояд танҳо ба табибони шуъбаҳои қабул ва эҳёгарӣ чунин либосро бепул медиҳанд. Лекин аксари шуъбаҳои марказ бар асоси ҳисоби хоҷагӣ кор карда, табиист, ки хилъатҳои шахсӣ ва дигар лавозимотро табибон худашон дастрас мекунанд”, - гуфт ба “Азия-Плюс” як корманди Маркази миллии тиббӣ, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.
Аммо ба қавли роҳбарияти Муассисаи давлатии “Шифобахш” (Қарияи Боло), ин маълумот асос надорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
Государственный бюджет Таджикистана на 2025 год. Подробно
Как проходит процедура развода и какова государственная пошлина за подачу заявления?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 декабря 2024 года
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста