5 нишонаи корбарони "фейкӣ"- и шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои тафтиши онҳо дар маводи мо.
Мутаассифона, шумораи корбарони “фейкӣ“ ё қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам нестанд. Онҳо зери ниқоби ному маълумоти бардурӯғ пинҳон шуда шарҳҳои пурҳақорат менависанд, мардумро ба роҳҳои бад даъват менамоянд, ба таблиғот машғул мешаванд ва ё тухми кинаю адоват мекоранд.
Аммо на ҳама корбари шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро зуд шинохта метавонад. Барои ҳамин тасмим гирифтем дар ин мавод дар бораи нишонаҳои асосии корбарони фейкӣ ба шумо маълумот диҳем ва роҳҳои тафтиши онҳоро омӯзонем.
5 нишонаи корбарони "фейкӣ"- и шабакаҳои иҷтимоӣ:
- Ному насаби шубҳаовар. Бештари корбарони "фейкӣ" номи худро пинҳон дошта аз номҳои ғайриоддӣ ба мисли “Ватандор”, “Муҳоҷир”, “Адолат”, “Ватаншоҳ”, “Тоҷикистонӣ” ва ғайра истифода мебаранд;
- Аксҳои шубҳаовар. Чунин корбарон дар сурати асосӣ (аватар) аксҳои одамони машҳур, одамони дигар, тасвири шаҳру манзараҳо ё аксҳои умумиро мегузоранд. Ҳамчунин дар саҳифаи онҳо аксҳои шахсиашон дида намешавад. Маълуман корбарони “зинда” гузоштани аксҳо аз лаҳзаҳои гуногуни ҳаётро дӯст медоранд;
- Маълумоти шубҳаовар ё набудани он. Бештари корбарони "фейкӣ" маълумоти шахсиашонро пур намекунанд: ҷойи истиқомат, кор, таҳсил, хешовандон ва ғайра;
- Дӯстони шубҳаовар. Шумораи зиёди дӯстон ва дӯстони боз ҳам бо ному аксҳои шубҳаовар нишонаи дигари "фейкӣ" будани корбар аст;
- “Пост”- ҳои шубҳаовар. Саҳифаи корбарони "фейкӣ" пур аз репост ё бознашри маълумоти шубҳаовару паёмҳои таблиғотӣ аст;
Чӣ тавр метавон сурати корбарро тафтиш кард?
Мутаассифона, барои тафтиши корбарони "фейкӣ" ва “бот”-ҳо дар шабакаҳои иҷтимоии дар Тоҷикистон маъмули Facebook ва Одноклассники чун дигар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи махсус нест. Барои ҳамин лозим меояд мустақилона маълумоти корбарро ҷӯед.
Роҳи осонтарин тафтиши сурати асосӣ (аватар)-и корбар аст. Суратро бо роҳҳои гуногуни тафтиши кардан мумкин аст, аммо роҳи аз ҳама қулай ҷӯстани сурат дар сомонаи ҷустуҷӯйии Google аст.
Барои ин саҳифаи корбарро дар браузери “Google chrome” кушода сурати асосиро боз намоед. Сипас тугмаи рости мушакро пахш намуда аз имконоти "Ҷустуҷӯйи ин акс дар Google" (Найти это изображение в Google) истифода намоед. Google ба шумо ин аксро аз манбаъҳои гуногун нишон медиҳад ва шумо мефаҳмед, ки аслан ин акс акси худи корбар аст ё аз каси дигар.
Бо корбарони "фейкӣ" чӣ бояд кард?
Ҷавоби ин савол кӯтоҳ ва оддӣ аст: ҳазф кардан (удалять)! Чунин корбаронро бе истисно бояд аз рӯйхати дӯстон пок кард. Чун шумо намедонед бо кӣ “дӯст” шудаед ва ӯ чӣ ниятҳо дорад. Ҳамчунин шумо метавонед ба шабакаи иҷтимоӣ нисбати чунин корбарон шикоят фиристед.
Рӯйхати дӯстонатонро тез-тез санҷед то корбарони фейкиро ошкор намеод. Хубтараш кӯшиш кунед, корбарони "фейкӣ" ё қалбакиро пеш аз ба дӯстӣ қабул кардан шиносед ва пешниҳоди дӯстиашонро напазиред. Пешниҳоди дӯстиро танҳо аз дӯстону пайвандоне, ки хуб мешиносед, қабул кунед. Агар пешниҳодкунандаи дӯстӣ ношинос аст, пеш аз қабули пешниҳод аз рӯйи ин 5 нишона корбарро санҷед. Агар бовар ҳосил кардед, ки корбари “зинда” аст на фейк, пешниҳоди дӯстиашро бипазиред.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
Государственный бюджет Таджикистана на 2025 год. Подробно
Как проходит процедура развода и какова государственная пошлина за подачу заявления?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 декабря 2024 года
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста