Роспотребнадзор ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҳамкории мутақобиларо дар мубориза бо пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар кишварҳои гуногун идома медиҳанд. Аз ҷумла, дар доираи Шабакаи глобалии огоҳӣ дар бораи хуруҷи бемориҳо ва амалҳои ҷавобӣ (GOARN) Роспотребнадзор дар ташкили дастаҳои вокуниши зудамал ҷиҳати кумак ба кишварҳои бештар осебдида иштирок мекунад.
Тавре дар сомонаи муассиса хабар дода мешавад, аз ин рӯ, ояндаи наздик мутахассисони Роспотребнадзор барои кор дар ҳайати гурӯҳи коршиносони байнулмилалӣ, ки аз ҷониби СҶТ таъсис дода мешавад, бори дигар ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Гурӯҳ барои кумак ба Тоҷикистон дар корҳои ташхис дар озмоишгоҳ, назорати эпидемиологӣ ва баргузории таҳқиқоти коронавируси нав сафарбар мегардад.
Дар хабар қайд мешавад, ки Роспотребнадзор аз рӯйи масъалаҳои таҳияи тест-низомҳо ва ваксинаҳо бар зидди сирояти нави коронавирус низ бо СҶТ ҳамкорӣ дорад.
Моҳи май намояндагони Роспотребнадзор ва СҶТ ба Тоҷикистон омада, аз рӯйи натиҷаҳои сафарашон вазъи ҷории эпидемиологӣ дар кишвар, тадбирҳои вокуниш, инчунин имконоти ташхис дар озмоишгоҳҳоро арзёбӣ ва доир ба амалҳои минбаъда бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ тавсияҳо пешниҳод намуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста