Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода охири ҳафтаи гузашта ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти COVID-19 дар қаламрави мамлакат ва рафти иҷрои қарорҳои қаблии Ситоди ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор қабул намуд, ки тадбирҳои пешгирикунандаи сироят аз ҷониби аҳолӣ бо дарназардошти истифодаи ҳатмии ниқоб, маводи безараргардонӣ дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ тақвият дода шавад.
Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки аз 15 июни соли равон ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намоянд.
"Таъкид карда шуд, ки бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ риояи қатъии гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ буда, дар сурати риоя нагардидани ин талабот нисбати шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдорон чораҳои қонунӣ андешида мешавад ва ҷаримабандӣ пешбинӣ мегардад", - цайд мешавад дар маълумот.
Бо қарори Ситодҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати пешгирии хавфи хуруҷи паҳншавии мавҷи дуюми сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва зарурӣ андешанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста