Ҷарима барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ аз далелсанҷон дида ба журналистон бештар хатар дорад.
Ахиран рӯзи 10-уми июн палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард, ки мувофиқи он ба Кодекси қонунвайронкунии маъмурӣ моддаи нав 374 (1) “Паҳн кардани маълумоти бардурӯғ тавассути ВАО, интернет ё дигар шабакаҳои алоқаи барқӣ” илова карда мешавад.
“Паҳн кардани маълумоти бардурӯғ тавассути ВАО, интернет ё дигар шабакаҳои алоқаи барқӣ дар ҳолати пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ба одамон хавфнок ё ҳангоми андешидани чораҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ё паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи тарзу усулҳои муҳофизат ва дигар чораҳое, ки барои таъмини бехатарии аҳолӣ нигаронида шудаанд,
барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 580 то 1160 сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 15 рӯз, ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз 150 то 200 (аз 8700 то 11 600 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар карда мешавад”-, гуфта мешавад дар моддаи нав ба Кодекси қонунвайронкунии маъмурии ҶТ.
❗Моддаи нав бояд аз ҷониби палатаи болоии парлумон ва президенти кишвар қабул шуда расман чоп шавад, то қувваи қонунӣ пайдо кунад.
Паҳн намудани “ахбори ғалат” чист ва онро кӣ ва ё чӣ гуна муайян мекунад, суолест, ки рӯзноманигорони тоҷикро ҳайрон кардааст. Рӯзноманигорон ва коршиносони мустақил мегӯянд, лоиҳаи қонуни мазкур бештар на ғамхорӣ ба ҷомеаи тоҷикистон, балки кӯшиши мӯҳри хомӯшӣ задан ба даҳони рӯзноманигорон мебошад.
Мо аз журналист - далелсанҷони тоҷик пурсидем, ки ин тағйирот, дар сурати қабул шудан, ба фаъолияти онҳо чӣ таъсир хоҳанд расонд.
“Далелсанҷӣ боз як хонандаи нав пайдо мекунад”
Коршинос ва яке аз аввалин далелсанҷони тоҷик Рустам Гулов бар он бовар аст, ки қабули қонун ба фаъолияти далелсанҷон мушкилие намеорад, балки як роҳи дигари васеъ кардани сензура ва худсензура байни журналистон аст.
“Баръакс, шояд кори фактчекерҳо боз як хонандаи нав пайдо кунад - онҳое, ки маҳсули кори фактчекерҳоро ҳамчун далел барои ҷарима бастани ВАО истифода хоҳанд бурд. Асосан кори ВАО-и мустақил зери хатар аст, чунки ҳамчун иттилооти "носаҳеҳ" ё "бардурӯғ" ҳамаи он иттилооте ҳисобида мешавад, ки ба мавқеи расмии мақомоти давлатӣ рост намеояд. Муҳим он аст, мақомоти расмӣ шояд иттилооти бардурӯғ паҳн кунанду ВАО ҳақиқатро, аммо вақти ҷарима бастан маҳз ВАО-ро ҷарима мебанданд. Ин меъёрҳои нав боз як хатари ҷиддӣ ба озодии иттилоот ва сухан аст”,- мегӯяд Рустам Гулов.
Ӯ инчунин мегӯяд, ки далелсанҷон дар асоси сарчашмаҳои боз кор мекунад, аз ҷумла иттилооте, ки ташкилотҳои байналхалқӣ паҳн мекунанд.
“Барои "ҷаримабандон" хеле мушкил мешавад исбот кунанд, ки СММ, Бонки ҷаҳонӣ ва ё Созмони байналхалқии тандурустӣ дурӯғ мегӯяд. Албатта, аз эҳтимол дур нест ки, агар хоҳанд барои ҷарима бастан баҳонаашонро меёбанд. Аммо эҳтимолияти ин аз эҳтимолияти ба манбаи ҷарима табдил додани ВАО-и мустақили хабарӣ камтар аст. Онҳо зери хатари асосианд ва фикр мекунам, ки маҳз зидди онҳо ин меъёрҳои навро эҷод карда истодаанд”,- афзуд Гулов.
“Ҷарима барои ҳақиқат”
Журналист-далелсанҷи дигари Тоҷикистон - Ҷамшед Маърупов мегӯяд, ворид кардани тағйиру иловаҳои нав ба қонунгузорӣ, ки ҷарима барои «паҳн кардани ахбори ғалат ё носаҳеҳ дар бораи пандемия»-ро пешбинӣ мекунад, кору фаъолияти ВАО-и кишварро дучанд мушкилтар мегардонад.
“Кӣ бояд муайян намояд, ки маълумоти пешкашнамудаи ВАО ва ё изҳороти ин ё он мансабдоре, ки дар шароити кунунӣ қариб ба назар намерасад, дуруст ё дурӯғ аст”,- савол мегузорад Маърупов.
Ба гуфтаи ӯ сомонаи онҳо Factcheck.tj, ки бар асоси сарчашмаҳои боз хулоса мекунад ва ҳадафи асосиаш низ на ҷустуҷӯйи дурӯғ, балки муайян кардани ҳақиқати далелҳо, муқоисаи маълумотест, ки аз сӯйи ин ё он ниҳод ва афроди шинохта паҳн ва ё эълон шудаанд.
“Азбаски дар кишвар анқариб ягон сарчашмаи боз мавҷуд нест санҷидани ин ё он маълумот ва ё изҳороти расмӣ бидуни тағйироти нав ҳам мушкил аст. Худи ҳамин тағйиру иловаҳо низ доир ба паҳни ахбори носаҳеҳ яктарафа буда, он бештар ба манфиати мақомоти расмӣ нигаронида шудааст, на барои ҳалли мушкилот. Зеро, ҳар маълумоте, ки минбаъд аз сӯйи ВАО-и кишвар, хоса мустақил пахш мешавад, аз эҳтимол дур нест, ки агар он иттилоъ барои ин ё он мақомоти расмӣ қобили қабул набошад ва ё ба қавле, ба манфиати онҳо набошад, зери «ҷазо» қарор бигирад. Яъне, ин ҷо то ҷое тазодде ба назар мерасад: «ҷарима барои ҳақиқат!»", - иброз дошт Маърупов.
То ҳол ҷаззои мушаххасе нест
Ҳамчунин мо хостем донем, ки дар умум барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар қонунгузории Тоҷикистон чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Ин мавзӯъро ба “Се нуқта” ҳуқуқшиноси дафтари Internews дар Тоҷикистон Ранжет Ятимов шарҳ дод.
Мувофиқи гуфтаи ҳуқуқшинос, айни ҳол дар қонунгузории Тоҷикистон барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ барои шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ ҷазои мушаххасе пешбинӣ нашудааст.
“Агар тағйироти ахир аз ҷониби палатаи болоии парлумон ва президенти кишвар дастгирӣ ёбад, ин аввалин моддаи мушшаххас дар Кодекси қонунвайронкунии маъмурӣ мешавад, ки ҷазо барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғро пешбинӣ мекунад ва он ҳам дар бораи бемориҳои хатарнок. Алҳол дар қонунгузорӣ ҷазо барои пешниҳоди маълумоти бардурӯғ танҳо дар ҳолатҳои алоҳида пешбинӣ шудааст. Масалан пешниҳод кардани иттилооти нодуруст дар бозори коғазҳои қиматнок (моддаи 563)... “, - мегӯяд Ятимов.
Ба гуфтаи ӯ то соли 2012 дар Тоҷикистон журналистонро барои тахқир ва тӯҳмат аз озодӣ махрум мекарданд, ки ба нашри маълумоти бардурӯғ наздикӣ дошт.
«Яъне то он сол барои таҳқиру тӯҳмат дар Кодекси ҷиноии ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шуда буд. Соли 2012 дар 100-солагии матбуоти точик президент Эмомали Рахмон фармон дод, ки ин моддаҳои 135 ва 136 КҶ ҶТ ғайриҷиноӣ карда шаванд. Аз ҳамон сол таҳқиру тӯҳмат ба Кодекси гражданӣ гузаронида шуд, ки моддаҳои 170 - 174-ро дарбар мегирад. Яъне агар шахс дар натиҷаи пахш кардани маълумоти бардурӯғ ё тӯҳмат дар борааш зарар бинад, метавонад ба суд барои рӯёнидани зарари маънавӣ муроҷиат намояд”,- шарҳ дод ҳуқуқшинос Ранжет Ятимов.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
Государственный бюджет Таджикистана на 2025 год. Подробно
Как проходит процедура развода и какова государственная пошлина за подачу заявления?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 декабря 2024 года
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста