Аз 1 июл парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон бо хатсайрҳои байнулмилалӣ - Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Ӯзбекистон барқарор карда мешавад.
Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 мусофирони ин хатсайрҳо бояд ҳатман бо худ маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.
“Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки масъалаи ташкили парвозҳоро ба самти Русия, Туркия ва Чин мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ таклифу хулоса пешниҳод намояд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар мувофиқа бо Ситод ҳамчунин парвозҳои транзитӣ ва чартерӣ барои интиқоли молу маҳсулот тариқи хатсайрҳои байналмилалӣ анҷом дода мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус Тоҷикистон аз 20 март ҳамаи фурудгоҳҳояшро барои қабулу парвоз баст. Аммо баъдан якчанд парвозҳои чартерӣ ташкил карда шуданд, ки тоҷикистониёни дар хориҷи кишвар дармондаро ба ватан оварданд.
Алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Чин ҳанӯз охири моҳи январ ва бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аз 16 март боздошта шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста