Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои баровардани донишҷӯёни тоҷик аз ин кишвар хатсайри махсус ташкил кард.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” имрӯз соати 12:00 (ба вақти Маскав) аз пойтахти Русия парвоз мекунад.
“Ба ҳар хатсайри чартерӣ 10-15 нафар донишҷӯёнро мегирифтем, лекин ахиран муроҷиатҳои донишҷӯёни хоҳишманди ба хона баргаштан зиёд шуда, тасмим гирифтем, ки барои баровардани онҳо хатсайри махсус ташкил кунем”, - гуфтанд дар сафорат.
Ба иттилои манбаъ, бо ин ҳавопаймо 167 нафар донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан бо сафари хизматӣ ба Русия рафта буданд, ба ватан бармегарданд.
Зикр шуд, ки камшавии нархи билет барои донишҷӯён бо ин хатсайр пешбинӣ нагардида, онҳо низ арзиши пурраи онро пардохт мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн чанде аз муассисаҳои таълимии Русия аз донишҷӯёни хориҷӣ талаб карданд, ки то 30 июн хобгоҳҳоро тарк кунанд. Он замон аз сафорати Тоҷикистон хабар дода буданд, ки бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Русия ин мушкил ҳал шуда, акнун донишҷӯёни тоҷик то оғози соли хониши нав дар хобгоҳҳои худ боқӣ монда метавонанд.
Соли 2019 вазири вақти маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки “аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар қариб 24 ҳазор нафарашон дар Русия таҳсил мекунанд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста