Қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 23,5 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба ин тариқ, бо назардошти солҳои пешин, маблағи умумии қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон ба охири моҳи августи соли равон ба 60,6 млн сомонӣ (наздики 5,9 млн доллар) расид.
Қарзи аз ҳама зиёд дар дар соҳаи сохтмон (18,3 млн сомонӣ), истихроҷи канданиҳои фоиданок (14,5 млн сомонӣ), саноати коркард (8,1 млн сомонӣ), бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ (2,4 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст
Музди меҳнат дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1447 сомониро ташкил додааст, ки аз рӯйи қурби ҳозира ба 140 доллар баробар аст.
Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомониро ташкил медиҳад.
Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта (3171 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2551 сомонӣ), кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2439 сомонӣ) ва сохтмоничиён (2403 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 523 сомонӣ сабт шудааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии ИДМ, байни кишварҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон музди меҳнат пасттарин аст.
Музди меҳнати миёна дар Русия – 730 доллар, Беларус – 518, Украина – 388, Озарбойҷон – 370, Арманистон – 375 ва Қирғизистон – 239 долларро ташкил дода, оид ба нишондиҳандаҳо дар Қазоқистону Молдова ва Ӯзбекистон маълумот дастрас нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Парламентские выборы-2025. Главное, что должен знать избиратель
Компании из Центральной Азии включены в списки антироссийских санкций со стороны Британии и ЕС
В Исфаре задержан вымогатель, угрожавший публикацией компрометирующих фото
Селекционеры Таджикистана вывели пшеницу, дающую два урожая в год
В Узбекистане задержаны члены семьи, перевозившей наркотики из Таджикистана
Президент провел заседание Совета безопасности Таджикистана
Макрон допустил, что перемирие в российско-украинской войне может наступить в ближайшие недели
Война в цифрах. Как изменились население и экономика Украины за три года конфликта
В Таджикистане объявлена дата начала священного месяца Рамазан
В Таджикистане возведут самый длинный автомобильный мост в Центральной Азии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста