Дар Тоҷикистон маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ идома дорад, ки аз 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Дар даҳ рӯзи аввал нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ 75% иҷро шуд.
Қариб дар дар ҳамаи минтақаҳое, ки нақшаи даъвати наваскарон пеш аз муҳлат иҷро шуд, дар комиссариатҳои ҳарбӣ изҳор мекунанд, ки нақша аз ҳисоби ихиёриён иҷро шудааст. Агар шумо ё наздиконатон мавриди маҷбуран ба хизмат гирифтан ё ба истилоҳ “облава” дучор шуда бошед, дар ин ҷо суроға ва рақамҳои сохторҳои дахлдор оварда шудааст, ки ба ин рақамҳо занг зада, кумак дархост карда метавонед.
Дар шароити ҳозираи марбут ба COVID-19 наваскарон дар биноҳо (казармаҳо)-и ҷудогона ҷойгир шуда, дар давраи аввал ба онҳо барои гузаштани хизмат бо сарбории ҳади ақал иҷоза дода мешавад.
Лекин агар дар хизмат ногаҳон ба ҳодисаҳои “сарбозозорӣ” (дедовшина) дучор омадед, бароятон дар як ҷадвали тасвирӣ маълумот дар бораи мақомотеро гирдоварӣ намудем, ки дар ин ҳолатҳо метавонед ба онҳо муроҷиат кунед.

Муносибатҳои ғайриоинномавӣ агар аз як тараф амали ғайриқонунӣ аз ҷониби хизматчиёни муҳлати зиёд хизматкарда (кӯҳансолон) дониста шаванд, аз ҷониби дигар, гувоҳи он аст, ки волидону наваскарон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои одӣ дар ин маврид огаҳ нестанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста