Подшоҳии Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро шомили кишварҳое кард, ки шаҳрвандонашон ҳақ доранд маросими Умраро ба ҷо биоранд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дини Тоҷикистон.
Ин тасмим дар доираи марҳилаи сеюми содатар кардани меърҳои маҳдудкунанада дар давраи ҳамагирии коронавирус гирифта шудааст.
“Мо дар расонаҳо хондем, ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи Умра карданро додааст. Дар ҳоли ҳозир раҳбарии ширкатҳои “Расул” ва “Ормон”, ки ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Тоҷикистон ба умра сару кор доранд, машғули омода кардани санадҳои лозим барои сафарбар кардани гуруҳи аввал ҳастанд”,-гуфт сухангӯйи Кумитаи дин Афшин Муқим.
Бино ба маълумоти Кумитаи дин, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷҷи Умраро анҷом дода буданд.
Вазорати Ҳаҷҷ ва Умраи Саудӣ хабар додааст, ки зоирин бояд қарантини серӯзаро ҳангоми расидан ба ин кишвар пушти сар кунанд. Ҳамчунин тибқи қоидаҳои давраи ҳамагирии коронавирус зоирин бояд пеш аз 72 соати расидан ба Саудӣ бояд тест супорида бошанду маълумотномаи гирифтор набудан ба коронавирусро дошта бошанд.
Мувофиқи қоидаҳои нав дар ин марҳила танҳо ба шаҳрвандони аз 18 то 50-сола иҷозаи адо кардани маросими умра дода мешаваду халос. Ҳамчунин зоирини хориҷӣ имсол дар Саудӣ ба гуруҳҳо ҷудо карда мешаванд, ки як гуруҳ набояд бештар аз 50 нафар бошад.
Ёддовар мешевем, ки бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста