Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории имрӯз, дар Қасри миллат аз доварони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, талаб кардааст, ки ин тадбири фарҳангӣ бояд бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад.
Ба навиштаи торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати ҳакамон хостааст, ки "ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд".
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки ширкаткунандагону ғолибони озмун аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардонида шаванд.
Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" имсол бори дувум аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта бори нахуст ин озмун доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд.
Имсол маҳдудияти синнусолӣ дар он бардошта шуд. Ғолибони ин озмун дар чор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста