Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати зиёд кардани парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Дубай ва Истанбул иҷоза дод.
Акнун дар хатсайрҳоДушанбе-Дубай-Душанбе ва Душанбе-Истанбул-Душанбе дар як ҳафта чор маротиба парвозҳо анҷом дода мешаванд. Қаблан бо ин самтҳо ба ширкатҳо иҷрои танҳо як парвоз иҷоза буд.
“Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати анҷоми парвозҳои иловагӣ ба Дубай ва Истанбул иҷоза дод. Акнун ширкатҳои ҳавопаймоии «fly Dubai» ва «Сомон Эйр» дуборӣ ба як самт ва бозпас аз он ҷо парвоз мекунанд”, - хабар дод директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар самти Душанбе-Исттанбул ширкатҳои «Turkish Airlines» ва «Сомон Эйр» низ ду парвозӣ иҷро мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки аз 20 ноябр ширкати ҳавопаймоии fly Dubai анҷоми парвозҳо дар ду хатсайр - рӯзи шанбе аз Душанбе ба Дубай ва рӯзи ҷумъа аз Дубай ба Душанберо бекор кард. То ин дам парвозҳо ба ин самт дар як ҳафта як маротиба - рӯзи сешанбе аз Дубай ба Душанбе ва рӯзи чоршанбе - бозпас иҷро мешуданд.
Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус бо мақсади “пешгирии паҳншавӣ ва хуруҷи мавҷи дуюми сироят, ки айни замон дар саросари дунё ба мушоҳида мерасад”, чунин тасмим гирифт.
Дар ҳамин ҳол, масъалаи барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ бо Чину Русия ва Ӯзбекистон то ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста