"Тоҷикистон имрӯз бе коронавирус аст", - изҳорот дод Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Президенти Тоҷикистон гуфт, ки аз оғози моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон дигар мавридҳои сироят шудан ба коронавирус сабти ном нашудааст.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ин маънои онро надорад, ки мо қоидаҳои беҳдоштии инфиродиву ҷамъиятиро сарфи назар кунем. Ӯ гуфт, "Худоро шукр мо ба вазъе, ки дар дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ рух дод, дучор нашудем".
Эмомалӣ Раҳмон ишора кард, мо дидем, ки баъзе маърака ва тӯйҳо сабаби сироятёбии вазнин шуд. Аммо раисҷумҳур нагуфт, ки ин маъракаву тӯйҳо дар куҷо буданд ва чӣ теъдод мардум дар ин тӯйҳо сироят шудаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба боз шудани дари масҷидҳо ишора кард ва гуфт, ки агар масҷидҳое, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, дари онҳо баста шаванд. Президенти Тоҷикистон мардуми кишварро ба эҳтиёткории ҷиддӣ даъват кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста