Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри чанд аксе дар саҳфаи фейсбукаш гуфтааст, ки ба хабаргирии Раъно Насриддинова, барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст" рафтааст.
Ширин Амонзода навиштааст: "Дар ҳоле, ки аз дард лаб мегазад, аз китоб чеҳрааш пуртабассум мешукуфад. Раьно воқеан мубориз аст, дардро бо хониш саркӯб мекунад. Шифои оҷилу комил бароят, духтари хонову донои миллат!"
Раъно Насриддинова ҳафтаи гузашта дар беморхонаи шаҳри Панҷакент аз бемории кӯррӯда ҷарроҳӣ шуда буд. Наздиконаш вазъи сиҳатии ӯро хуб арзёбӣ мекунанд.
Вазир дар саҳфааш нагуфтааст, ки ба хабаргирии Раъно ба куҷо рафтааст. Зоҳиран ин аёдат дар Панҷакент сурат гирифтааст, зеро ҷарроҳии Насриддинова дар беморхонаи шаҳри Панҷакент гузашта буд.
Дар озмуни соли 2020 "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" Раъно Насриддинова дурахшиши хубе дошт. Ӯ ҳам дар даври вилоятии озмун ва ҳам дар даври ҷумҳурявӣ барандаи Шоҳҷоизаи озмун шуд.
Дар шабу рӯзи баргузории озмун гуфта мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар як ҷаласаи ҳукумат аз маҳорат ва истеъдоди Насриддинова ситоиш кардааст.
Баъдан ҳузур ва суҳбати Раъно Насриддинова дар расонаҳо вокунишҳои гуногуне дар шабакаҳои иҷтимоӣ дошт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2025 год
2025 год как точка опоры: как таджикское дзюдо перешло от отдельных успехов к системному росту
Что ждет мигрантов в России в 2026 году?
Озода Рахмон оказала помощь матери Кобилджона Алиева в размере 300 тысяч сомони
Год в поиске: что чаще всего гуглили таджикистанцы в 2025 году?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 января 2026 года
Трагедия в Одинцово, итоги года от президента и тяжелые утраты: главные события декабря по версии «Азия-Плюс»
7 душевнх историй «Азия-Плюс» в 2025 году, которые дают надежду
Ушел из жизни Мухсин Мухаммадиев. Вся его жизнь была посвящена футболу
С Новым годом, друзья!
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста