Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нафаре хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод ба фурӯши билетҳои қалбакии ҳавопаймо барои сафар ба Русия сару кор доштааст.
Аз ин нафар Зикриё Сафаров ном бурда шудааст, ки 34 сол дошта, пештар ҳам барои қаллобӣ (моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ду бор маҳкум шудааст.
ВКД менависад, ӯ “рӯзи 26 майи соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Бохтар бо шаҳрванд Рустамов Б. шиносоӣ пайдо намуда, худро корманди муассисаи ислоҳотии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муаррифӣ менамояд ва аз номбурда барои харидорӣ намуда додани чиптаи ҳавопаймои Душанбе-Москва пешакӣ 2 ҳазору 100 сомонӣ мегирад”.

Баъдан ба навиштаи дафтари матбуоти РВКД дар вилояти Хатлон, Зикриё Сафаров “бо истифодаи техникаи компютерӣ ба Рустамов Б. чиптаи қалбакӣ тайёр карда дода, боз такроран санаи 31 майи соли 2021 аз Рустамов Б. 450 сомонӣ гирифта, маблағҳои боқимондаро талаб менамояд”.
Ҳоло ВКД Сафаровро дар ду ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар медонад.
ВКД мегӯяд, ин нафарро бар асоси аризи шикоятии Биномуддин Рустамов боздошт кардааст ва ҳоло бахши тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон алайҳи Сафаров парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар дучори фиребкорӣ ё қаллобии Сафаров шуда бошанд, метавонанд ба сохторҳои ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста