Бо мусоидати корхонаи «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи истеҳсоли Чин оварда шуд.
Шоми 20 июн 300 ҳазор вояи ваксинаи зидди сирояти коронавируси COVID-19 аз Чин ба Душанбе расонида шуд. Ин кӯмаки ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон аст.
Ваксина бо хатсайри чартерии махсус, ки аз ҷониби ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» (корхонаи фаръии ширкати ҶДММ “Ширкат оид ба захираҳои Тибет-Эверест”) ташкил шуд, ба Душанбе интиқол дода шуд.
Барои пешвози хатсайри махсуси чартерӣ намояндагони воломақоми ҳукумати Тоҷикистон, Сафорати Чин дар ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони Дафтари кории «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» ба фурудгоҳ ҳозир шуданд.
Зикр мешавад, ки бо дастгирии “Хатҳои ҳавопаймоии ҷанубии Чин”, дипломатҳои Тоҷикистону Чин, инчунин сохторҳои марбута муяссар шуд, ки ин миқдор ваксина дар фурсати кӯтоҳ ба Душанбе расонида шавад, зеро алоқаи ҳавоии мустақим байни Тоҷикистону Чин, ки аз оғози паҳншавии сирояти коронавирус қатъ шуда буд, то ҳол барқарор нашудааст.
Қобили зикр аст, ки Чин ба иқдомҳои кумак ба кишварҳои эҳтиёманд ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои сирояти коронавирус тақвият бахшида, то ин дам зиёда аз 100 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ бо ваксинаи истеҳсоли Чин, ки самранокии баландаш тасдиқ шудааст, таъмин гардида, онро фаъолона истифода мебаранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста