Идигул Қосимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси пешини Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, имрӯз бар асари мубтало шудан ба бемории коронавирус, дар синни 53-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора яке аз пайвандони Қосимзода ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ Қосимзода чанд рӯзи ахир аз бемории коронавирус ранҷ мебурд ва дар беморхонаи "Якум Советский"-и пойтахт бистарӣ буд ва дар ҳамин беморхона даргузашт.
Гуфта мешавад, ки маросими ҷанозаи марҳум дар зодгоҳаш, ноҳияи Вахш баргузор мешавад.
Идигул Қосимзода, ки дар гузашта раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон (2017-2020) ва ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (2015-2017) кор кардааст, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Ҳизби ҳокими халқии демократӣ буд.
Қосимзода соли 1968 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1990 Донишкадаи омўзгории шаҳри Бохтарро хатм карда буд.
Доктори илмҳои педагогӣ, профессор буд.
Солҳои 1990-2015 ба унвони котиби масъули шуъбаи кор бо ноболиғони ҳукумати ноҳияи Вахш, омӯзгори мактаб, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, муовини ректори ин донишкада кор карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста