Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз бемории коронавирус воксин задааст. Дар ин бора сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия плюс” хабар дод.
Аммо Шарифзода нагуфт, ки расиҷумҳур кадом навъи воксин задаанд. Ӯ гуфт, ки дар ин бора иттилоъ надорад.
Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, то ба ҳол ба кишвар се намуди воксин: “Астразенека”-и аврупоӣ, “Коронавак”-и чинӣ ва “Модерна”-амрикоӣ ворид шудааст.
Ҳамчунинм мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ба беморхонаи ҳукуматии кишвар 3 ҳазор воя воксинаи «Спутник V» оварда шудааст, ки аъзои ҳукумати кишварро аз ин воксин задаанд.
Аммо ҳоло маълум нест, ки президенти Тоҷикистон яке аз ин воксинҳо задаанд ё воксини вижаи дигаре.
- Ҳангоми сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд, рӯзҳои 28-30 июли соли 2021, дар яке аз баромадҳояшон бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Айнии вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон аз мардум даъват намуданд, ки барои пешгирӣ аз бемории СOVID-19 ва нигоҳдории саломатӣ аз сирояти навъ (штам)-ҳои нави он ҳатман ваксина гиранд... Ва илова намуданд: Ман шахсан ваксина гирифтам. Ба Шумо низ маслиҳат медиҳам, ки ваксина гиред,-гуфт Шарифзода аз бо нақли қавл аз Раҳмон.
Манбаъ, ҳамчунин дар бораи кай ва чанд воя воксин гирифтани Эмомалӣ Раҳмон чизе нагуфт.
Ӯ аз қавли президент гуфт, ки дар мулоқоти мазкур раисиҷумҳур таъкид кард, ки “ҳатман эмгузаронӣ кунед ва шухӣ нафаҳмед”. Чунки кадом давлатҳое ки оммавӣ эмгузаронӣ карданд, дар онҳо сатҳи муриш кам аст. Одаме, ки эм гузаронад касал шавад ҳам бемориро сабук мегузаронад. Фикри худатону фарзандону миллати тоҷикро кунед”.
Дар моҳи июл дар расонаҳо хабари ба вируси куруно мубтало шудани чанде аз наздикону аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ҳам расонаӣ шуда буд.
Аз ҷумла, ба гуфти манбаъҳои гуногун хушдомани 88-солаи Эмомалӣ Раҳмон Ӯзбакбӣ Асадуллоева ва хоҳари 64-солааш Қурбонбӣ Раҳмонова аз ин беморӣ вафот карданд.
Ҳамчунин хабарҳо дар мавриди гирифтор шудани аъзои дигари хонаводаи раисҷумҳур низ расонаӣ шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста