Пеш аз оғози мавсими шинонидану гулу бутта ва дарахтон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт муроҷиат намуд.
Дар муроҷиатномаи худ, ки дар АМИТ “Ховар” нашр шудааст, Рустами Эмомалӣ аз аҳолии пойтахт даъват намудааст, ки Душанбе ба “Шаҳри гулрез” табдил дода шавад.
Ӯ аз сокинони шаҳр даъват мекунад, ки дар маъракаи шинонидани гулу бутта ва дарахтон фаъолона саҳм гузоранд.
“Ба тамоми сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, эҳтиромона даъват ба амал меорам, ки якдилонаю фаъолона дар тадбирҳои ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, боғҳо, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонида, парвариш намоянд”, - зикр мешавад дар муроҷиатнома.
Ёдрас мекунем, ки баҳори соли равон дар пойтахти Тоҷикистон ба сурати умум зиёда аз 12,5 млн бех гулҳои гуногун шинонида шуданд, ки қариб 2,5 млн бех зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст.
Ба муносибати нишастҳои СҲШ ва СААД, ки нимаи моҳи сентябр дар Душанбе баргузор шуданд, ҳудуди 7 млн бех гулҳои гуногун шинонида шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста