Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузори ҳама намуди ҷашнҳои солинавиро дар муассисаҳои таълим манъ кард. Вазорат ҳато гузоштани арчаи солинавиро низ манъ кардаастДар ин бора аз ин вазорат ба "Азия-Плюс" хабар доданд. 

Эҳсон Сафарзода, сухангӯйи Вазорати маориф гуфт, ки "дар робита ба иҷрои Протоколи ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ муқовимат бо коронавирус, вазорат бо ирсоли як мактуб ба сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ дастур додааст, ки аз баргузории ҳамагуна чорабиниҳои солинавӣ, нишасти ҷашнӣ, шабнишиниҳо, гузоштани арчаи солинавӣ ва дигар ҷамъомадҳо дар муассисаҳои таълимӣ худдорӣ намоянд".

Ба гуфтаи сухангӯйи ин вазорат, ин дастур ҳам ба боғчаву мактабҳо ва ҳам ба донишгоҳу донишкадва ва дигар муассисаҳои таълимӣ дахл дорад. 

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба "Азия-Плюс" гуфта буданд, ки гузоштани арчаи солинавӣ дар боғчаҳо иҷозат аст. 

Дар ин ниҳод ҳамчунин гуфта буданд, ки ба ифтихори Соли нави мелодӣ барномаҳои солинавӣ на танҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ гузаронида мешавад, имкон дорад, ки озмунҳои фарҳангӣ ва шеърхониву расмкашӣ низ баргузор шавад. Вале ин бояд дар доираи дарсҳои тарбиявӣ гузаронида шаванд.

Асомиддин Бобозода, муовини сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи шаҳри Душанбе гуфта буд, ки ҳарчанд барномаҳои ҷашнӣ дар дарсҳои тарбиявӣ иҷозат шуда боша, вале насб кардани  арчаии солинавӣ дар мактабҳо манъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2012 Вазорати маориф ва илм мухолифи таҷлили соли нави милодӣ дар мактабҳо буд. Қаблан вазорат тасмими худро бо дархости волидайне, ки аз ҷамъоварии маблағ дар рӯзҳои таҷлили солинавӣ шикоят кардаанд, марбут дониста буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.