Дар шаҳри Қазони Тотористон аз озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол - 2021” натиҷагирӣ шуд, ки дар он зодаи Тоҷикистон Раҳматҷон Халилов донишҷӯи сол дар Тотористон эътироф шуд, хабар медиҳад Русский дом дар Душанбе дар саҳифаи худ дар Facebook.
“Магистранти Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ ва технологии Тотористон Раҳматҷон Халилов аз Душанбе ба Шоҳҷоиза (Гран-при) сазовор дониста шуд. Ҷоизаро ба ӯ муовини аввали раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси федералии Русия Андрей Турчак ва сарвари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов тақдим карданд”, - омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, акнун аз ҳисоби барномаи “Алгариш” ӯ имкон дорад, ки дар ҳама гуна мактаби олии саросари ҷаҳон таҳсилашро идома бидиҳад.
Раҳматҷон дар Душанбе ба дунё омада, дар мактаби №20 ба номи Пушкин ва литсейи №1 барои кӯдакони лаёқатманд таҳсил кардааст.
Айни замон ӯ дар давраи магистратураи Донишгоҳ таҳсил дошта, ҳамзамон дар ҳаёти ҷамъиятии муассиса, аз ҷумла рушди расонаҳои донишҷӯён фаъолона иштирок мекунад.
Роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов гуфтааст, ки ғолибияти Раҳматҷон довталабони ҳозираро хеле рӯҳбаланду ҳавасманд месозад ва имрӯзҳо қариб 5 ҳазор ҷавонон барои дохилшавӣ ба макаотиби олии Русия дар Россотрудничество тест месупоранду бо онҳо суҳбатҳо ороста мешавад.
Ёдрас мекунем, ки соли равон Русия барои бепул таҳсил кардани донишҷӯён дар мактабҳои олии Русия 750 квота (соли гузашта - 630) ҷудо кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.