Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, дар соли 2021 бо сохторҳои марбута 12,5 ҳазор ҷойномҳо ё номи ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор дода, дар натиҷа, 4,5 ҳазор номи такрор ва ғайримеъёриро ошкор намудааст.
Ӯ ин нуктаро имрӯз, 14 феврал дар нишасти матбуотӣ зикр кард ва гуфт, аз 4,5 ҳазор номи ғайримеъёрӣ 32 ададашро номҳои такрории маҳалҳои аҳолинишин буданд.
Муҳаммадзода афзуд, ки барои ислоҳи номҳои такрор ва ғайримеъёрӣ ба мақомоти дахлдор ва маҷлисҳои вакилони маҳалҳо пешниҳодҳо ироа шудааст ва бо қарор маҷлиси вакилони маҳалҳо номҳ иваз мешаванд
- Дуруст аст, ки имрӯз дар харитаи ҷуғрофии кишвар номҳои маҳалҳои аҳолинишин ва ҷуғрофӣ такрор шудааст. Бояд гуфт, ки номҳои ҷуғрофӣ вобаста ба маҳалашон такрор шуданаш мумкин аст. Вале маҳалҳои аҳолинишин набояд такрор шавад. Чунки онҳо нишонӣ ҳастанд, такрор ёфтанашон ба фаъолияти бархе сохторҳо, аз ҷумла почта дар сурати расонидани мактуб халал мерасонад. Бинобар ин мо инро баррасӣ карда, барои такрор нашуданашон номҳои навро пешниҳод кардем, - гуфт Олимҷон Муҳаммадзода.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори вақти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (вазири барҳоли илму маорив), ҳамчун унзви Маҷлиси миллӣ аз шеваи номгузорӣ ба баъзе аз ноҳияву маҳаллаҳои Тоҷикистон интиқод намуда, аз мақомот хоста буд, дар оянда ба чунин хатоҳо роҳ надиҳанд.
Имомзода дар муҳокимаи порлумонӣ дар Маҷлиси миллӣ дар бораи асосҳои ҳуқуқии номгузорӣ ва тағйири номи маҳаллаҳо дар Тоҷикистон гуфта буд, ки дар кишвар 31 маҳаллаву ноҳия Ваҳдат ном гирифтаанд, 41 – Гулистон, 25 – Истиқлол, 15 – Баҳористон, 26 – Бӯстон вуҷуд дорад.
Ба қавли Муҳаммадюсуф Имомзода, даҳҳо маҳаллаву кӯчаро меёбед, ки мақомоти масъул Лолазору Зарнисору Навобод ном гузоштаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пеш аз ҳама номҳои мероси замони шӯравиро тағйир дод, аз вилояти Ленинобод, номи бостонии Суғдро гирифт. Ноҳияи Нов ба Спитамен, Пролетар ба Ҷаббор Расулов иваз шуда, Табошар ба Истиқлол табдил шудааст. Ноҳияи Куйбишеви пешин ҳоло номи Абдураҳмони Ҷомиро дорад. Ва ҳамин тавр ноҳияи Маскав Ҳамадонию ноҳияи Совет Темурмалик шуд.
Дар охирин мавҷи тағйири ҷойномҳо ё номҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон номи шаш ноҳия – Ҷалолиддини Румӣ, Ҷилликӯл, Қумсангир, Шӯрообод, Тавилдара ва Ҷиргатол табдили ном карданд. Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷилликӯл ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ноҳияҳои Тавилдара ба Сангвор ва Ҷиргатол ба Лахш иваз карда шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Что изменится в отношении США к Центральной Азии с приходом Дональда Трампа?
Путин объявил о серийном производстве баллистической ракеты «Орешник»
В Таджикистане стартует акция "Техосмотр". МВД разъясняет ее правила и цели
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередная смерть солдата, отчаянное видеообращение и награда за поддержку Ягноба
Жапаров подписал закон о запрете электронных сигарет в Кыргызстане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста