Шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо КВД “Шаҳри ҳушманд” тасмим гирифтаанд, ки аввалин Парки технологияҳои иттилоотӣ (IT Park)-ро дар ҷумҳурӣ бунёд кунанд.
“IT парк дар Душанбе аввалин синтези ҳамгироии илм, маориф ва технологияҳои инноватсионӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд”, - зикр мегардад дар сомонаи КВД “Шаҳри ҳушманд”.
Гуфта мешавад, дар ҳамаи кишварҳои рушдёфта паркҳои технологӣ ҳамчун элементи калидии инфрасохтори иқтисодиёти муосири инноватсионӣ хизмат мекунанд.
“Паркҳои технологӣ шакли муосири ҳамгироии илм ва истеҳсолот ба ҳисоб рафта, бо мақсади вусъат бахшидани тадқиқот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникӣ ва технологӣ тавассути фаъолияти мутахассисони ташаббускор, доираҳои академикӣ, истифодаи васеи базаи истеҳсолӣ, таҷрибавӣ ва иттилоотӣ созмон дода мешавад, - омадааст дар хабар сомона. - Ба истилоҳи дигар, паркҳои технологӣ маконест, ки мутахасссисони болаёқат идеяҳои худро ба кори амалӣ табдил медиҳанд”.
Зикр мегардад, ки таъсиси паркҳои технологӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ метавонанд дар ояндаи наздик дар ҳалли чунин масъалаҳои глобалӣ, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ; ташаккул ва рушди низоми миллии тиҷорати рақамӣ; дастгирӣ ва роҳнамоии лоиҳаҳо/моделҳои тиҷоратии нав (Startup), афзоиши ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ки ба кишвар сармояи дохиливу хориҷиро ҷалб мекунад, мусоидати амиқ кунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар бораи бунёди аввалин парки технологӣ дар соҳаи иттилооту коммуникатсия дар Тоҷикистон моҳи марти соли гузашта Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар дода буд.
Дар кишварҳои минтақа вазъ дар ин соҳа чӣ гуна аст?
Бунёди парки технологӣ дар Тоҷикистон қариб як сол боз дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай амал мекунад ва дар чанде аз онҳо муддати зиёде.
Аввалин IT Park дар Қазоқистон ҳанӯз соли 2008 таъсис дода шуд. Баъдан дар дигар минтақаҳо низ чунин паркҳо сохта шуда, ҳозир дар ин кишвар як низоми мукаммал дар ин соҳа фаъолият дорад.
Дар Қирғизистон Парки технологияҳои баланд бо реҷаи махсуси ҳуқуқӣ ва имтиёзнок соли 2015 мавриди истифода қарор гирифт.
Дар Турманистон чунин парк («Туркмен ИТ Парк») соли 2018 ва дар Ӯзбекистон (IT Park) соли 2019 боз шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста