Бино ба як маълумоте, ки "Азия-Плюс" аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дарёфт кард, шумораи нафарони майзада дар Душанбе дар як соли ахир зиёд шудааст.Соли 2021 аз ҷониби милитсияи пойтахт 854 нафар барои дар ҳолати мастӣ қарор доштан ба ҳушёрхонаи тиббии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастрас шуданад, ки ин нисбат ба соли 2020 беш аз 230 нафар зиёд мебошад.
Манбаъ гуфт, ки чунин нафарон аз 3 то як шабонарӯз дар ҳушёрхонаи тиббӣ вобаста ба ҳолти ҳушёршавӣ нигоҳ дошта шуда, баъд ҷавоб дода мешаванд.
Аз ин ниҳод афзуданд, ки ҳамчунин нисбат ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолати мастӣ ба сари чамбараки мошин менишинанд, чораҳои сахти таъсиргузори маъмурӣ меандешанд.
- Масалан, барои идора намудани восиатҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ соли 2019 нисбати 130 нафар, соли 2020 134 нафар ва соли 2021 160 нафар шаҳрванд ҳабси маъмурӣ аз 5 то 15 шабонарӯз татбиқ карджа шуда, ҳуқуқвайронкунандагон дар қабқлгоҳи тақсимотӣ барои оворагардону гадоёни РВКД шаҳри Душанбе адои ҷазо намуданд,Ю – мегӯяд РВКД шаҳри Душанбе.
Ин ниҳод афзудааст, ки барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ ё дар ҳолати мастӣ ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ соли гузашта нисбати 1357 шаҳрванд протоколи ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз як то се нишондиҳанда (аз 64 то 192 сомонӣ) ҷарима татбиқ шудааст.
РВКД иттилоъ медиҳад, ки ҳголо дар ҳудуди пойтахт 147 майзада дар қайди махсус қарор дошта, бо онҳо мунтазам корҳои пешгирикунанда мегузаронанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Изменения в хадже-2025: Теперь никто не сможет отправиться в паломничество через иностранные компании
В Душанбе задержана группа наркоторговцев: изъято 8 кг наркотиков
МВД Сирии сообщило о попытке госпереворота в стране
ЮНИСЕФ и ЕС провели конференцию для повышения навыков и способностей подростков и молодежи Таджикистана
«Будет новая гражданская война»: российский эксперт предсказал падение талибов
Сборная Таджикистана по дзюдо определилась с составом на домашний «Большой шлем-2025»
Узбекистан планирует создать свободные торговые зоны на границе с Кыргызстаном
В некоторых районах Душанбе на 10 часов отключат электричество
Депутаты одобрили Соглашение между Таджикистаном и Кувейтом об избежании двойного налогообложения
День столицы Таджикистана: как Душанбе отметит свой праздник?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста