Дар 55 мактаби шаҳри Душанбе барномаи электронии “eDonish” роҳандозӣ мешавад ва дар назар аст, ки дар марҳилаи дуюми ин тарҳ беш аз 50 мактаби дигар низ ба ин хидматрасонӣ пайваст шаванд.
Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи Душанбе ба «Азия-Плюс» гуфт, дар 55 мактаби миёнаи пойтахт барномаи мазкур аз моҳи августи соли 2021 ба роҳ монда шуда, натиҷаи хубе ба даст овардаанд.
Ӯ гуфт, ки бартарӣ ва хубии барномаи “eDonish” дар он аст, ки ин барнома хидматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.
«Барои пайваст гардидан ба барнома рақами телефони ҳамроҳи падар ё модари хонанда гирифта мешавад, ки ба ин рақам баҳои гирифтаи фарзанд, сатҳи ахлоқу рафтор ва дигар ҷанбаҳои марбут ба фарзандонашон паёмак карда мешавад»,-мегӯяд ӯ.
Ин масъули маорифи Душанбе мегӯяд, ки баъди роҳандозии ин хидматрасонӣ миёни хонандагон нофаҳмӣ ва заду хӯрд коҳиш ёфтааст, ки беҳбудии корро нишон медиҳад.
Бобозода иброз намуд, ки барномаи “eDonish” дар муассисаҳои таълимӣ ройгон роҳандозӣ мегардад ва барои огоҳ намудани волидон аз рафти таҳсили фарзандаш як нафар масъул аст, ки дар кӯҳтотарин фурсат иттилоъро ба телефонҳо ирсол мекунад.
Бояд гуфт, ки 13 апрел барои 55 мактаби Душанбе аз сӯйи муассисаи “Шаҳри ҳушманд” ва Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душнабе муштаракан бо «Ватан ИКТ» рӯнамоии барномаи электронии “eDonish” баргузор гардид.
Дар Душанбе дар аввал дар панҷ мактаб барномаи онлайни «eDolish»-ро роҳандозӣ гардид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста