Нақшаи даъват ба артиш дар мавсими баҳорӣ дар кишвар пурра иҷро шудааст. Дар ин бора аз Вазорати дифои Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки ВМКБ дар рӯзи нахустини даъвати баҳории имсола аз иҷрои нақша хабар дода, дар нимаи аввали моҳи апрел чаҳор навоҳии пойтахт ва то охири моҳи май тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаро пурра иҷро карданд.
Вазорати дифоъ ҳамчунин, аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар, ки дар самти сифатан ва дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд, инчунин ба волидони ҷавонписароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардиданд, изҳори сипос намуд.
Моддаи 28. Даъвати ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбӣ давом дорад
Ин ниҳод ҳамчунин зикр кардааст, бо вуҷуди он ки иҷрои нақшаи даъват ба хизмат ба итмом расид, вале тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ҷавонони синни даъватӣ бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.
Даъвати ҷавонон ба комисариати ҳарбӣ дар давоми сол ба ин маъно аст, ки мақомот метавонанд, дар вақти зарурӣ онҳоро ба комиссариат даъват ва барои ба артиш ҷалб намудан омода намоянд. Ин муқарарот соли 2020 ба қонун дар бораи уҳдадорӣ ва хизмати ҳарбӣ ворид гардид.
Ба ғайр аз ин, инчунин дар қонун тағйирот ворид гардид, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативӣ низ яке аз навигираҳои ин қонун буд, ки иддае онро як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд
Сад дар сад иҷро шудани даъвати баҳорӣ дар ҳолест, ки солҳои пеш мақомоти расмии Тоҷикистон то анҷоми моҳи аввали даъват иттилоъ медоданд, ки нақша дар кишвар пурра иҷро шудааст ва имсол то охири маърака идома ёфт .
Шеваҳои нави даъват ба артиш
Ҳамасола дар маъракаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар мақомот аз шеваҳои нави даъват кор мегиранд. Шеваи нави даъвати ҳарбии имсола ин буд, ки Вазорати маориф ва илм бо ирсоли як мактуб ба донишгоҳҳо “тавсия” дод, ки хатмкунандагони курсҳои 4 ва 5 бо супоридани имтиҳонҳо пеш аз муҳлат метавонанд, ихтиёрӣ ба артиш раванд.
Баъди ин мактуб, маъмурияти донишгоҳҳо аксҳои зиёди донишҷӯёнро нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо донишҷӯён имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супорида ихтиёран ба артиш рафтаанд. Вале дар ҳамин ҳол, бархе хатмкунандагон шикоят карданд, ки онҳоро маҷбуран ба супоридани имтиҳони пеш аз муҳлат ҷалб карда, ба артиш бурдаанд.
Коршиносон, ҷалби чунин шеваро ба мушкил рӯбарӯ шудани иҷрои нақшаи даъвати имсола арзёбӣ мекунанд.
Мактуби вазорати маориф ба ҳамаи мактабҳои олӣ дар ҳолест, ки бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиши ҳарбӣ бурдани донишҷӯёни бархе донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шуда буд, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Кто сказал, что у бизнеса не женское лицо? Истории таджикистанок, которые открыли и успешно развивают свое дело
«Возмездие неотвратимо». Путин утвердил ядерную доктрину России
Делегация Таджикистана отправилась укреплять связи с Малайзией и странами АСЕАН
Где сходить по нужде? Составили карту общественных туалетов Душанбе
Неделя математики, физики и компьютерных наук: в Таджикистане завершился образовательный проект СКФУ
Военная прокуратура Куляба расследует причины гибели служившего в погранвойсках срочника
Талибы усилили контроль за запретом на показ людей в СМИ
Женщинам с инвалидностью в Таджикистане практически недоступны медицинские услуги. Как можно изменить ситуацию?
Из Узбекистана будут депортировать иностранцев за оскорбления страны
"Озоди": Чоршанбе Чоршанбиев стал фигурантом еще одного дела и получил новый срок
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста