Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул шуд.
Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садом мардум” хабар медиҳад. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар шарҳи қонуни мазкур изҳор намуд, ки мутобиқи он,
“ҳар шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки мавриди табъиз қарор гирифтаанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон муроҷиат намоянд, инчунин ба ҷуброни муносиб, одилона ва (ё) қонеъкунанда барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонида шудааст, ҳақ доранд”.
“Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур, табъиз ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ буда, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва ё этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкй ё ҳолати дигар асос меёбад ва мақсад ё оқибати он бад кардан, нобуд сохтан ва ё кам нишон додани ҳуқуқу озодиҳои эътирофшуда, истифода ё амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси баробарӣ мебошад”, - гуфт вазири адлия.
Ӯ таъкид дошт, ки давлат ҳифзи ҳуқуқи баробар ва самаранок аз табъизро кафолат дода, барои пешбурди сиёсат ва барномаҳое, ки ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз равона шудаанд, чораҳо меандешад.
Лоиҳаи қонун дар асоси «Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 таҳия гардид.
Қонун асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳама шахс дар ҶТ муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шакли табъизро муқаррар менамояд.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раънохон Бобоҷониён зикр кард, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳама шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва низоми ҳуқуқии пешгирӣ, ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шакли табъизро танзим ва муқаррар менамояд.
Зикр шуд, ки дар доираи лоиҳаи қонун аввалин бор мафҳумҳои нав, ба монанди табъиз (моддаи 1), табъизи бевосита ва бавосита (моддаи 5), таъқиби ҷинсӣ (моддаи 6), сегрегатсия (ҷудокунӣ — моддаи 8), ҳимоя аз виктимизатсия (моддаи 10), медиатсия (миёнҷигарӣ — моддаи 12), тамға ҳамчун намуди табъиз (моддаҳои 16 — 18) истифода шудаанд.
Гуфта мешавад, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шакли табъиз муқаррар гардидааст (моддаи 13), ки аз ҷумла экспертизаи зиддитабъизии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мегузаронад.
Дар масъалаи барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз ҳамкории мақомоти давлатӣ, мақомоти шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешбинӣ мешавад (моддаҳои 16-18), ки барои аз байн бурдани табъиз бештар чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ мегузаронанд.
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Что изменится в отношении США к Центральной Азии с приходом Дональда Трампа?
Путин объявил о серийном производстве баллистической ракеты «Орешник»
В Таджикистане стартует акция "Техосмотр". МВД разъясняет ее правила и цели
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередная смерть солдата, отчаянное видеообращение и награда за поддержку Ягноба
Жапаров подписал закон о запрете электронных сигарет в Кыргызстане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста