Тӯфони чангу ғубор дар Душанбе, ки чандин рӯз дар Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ҳукмфармо аст, бар асари шамол ва қишри болоии хеле сахт хушкшудаи хок ба вуҷуд омад. Тӯфони чангу ғубор маъмулан вақте ки шамоли сахт хоки зиёдро ба ҳаво мебардорад, ба амал меояд.

Ҳавое, ки мо имрӯз аз он нафас мегирем, барои организм зараровар аст, аз ин рӯ, донистани чӣ гуна санҷидан ва ҳимояи худ аз он муҳим аст.

Сифати ҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна санҷида мешавад?

Яке аз методҳои санҷиши сатҳи ифлоснокии ҳаво индексҳои сифати ҳаво мебошад. Сатҳи ифлоснокии ҳаворо дар Душанбе метавон аз харита пайгирӣ намуд, ки сифати ҳаворо дар реҷаи вақти воқеӣ нишон медиҳад.

Сурат аз qicn.org

Индекси сифати ҳаво дар шаҳри Душанбе айни замон барои организм носолим арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин индекси сифати ҳаворо дар Душанбе тариҷи реҷаи вақти воқеӣ метавон дар ин ҷо пайгирӣ кард.

Дар рейтингит Индекси ҷаҳонии ҳаво маълумоти таърихӣ дар бораи сифати ҳаво дар Душанбе зикр шуда, дар ин ҷо метавон бо сифати ҳаво дар як давраи муайян шинос шуд.


Рангҳои дар боло ишорашуда чӣ маъно доранд?


Нигар ба https://waqi.info/ru/

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зикр мекунад, ки ифлосшавии ҳаво барои саломатӣ оқибатҳои вазнин дорад ва аз се як ҳиссаи маргҳо аз сактаи майнаи сар (инсулт), саратони шуш ва бемориҳои дил ба ифлосии ҳаво марбут аст.

Қобили зикр аст, ки соли 2021 лоиҳаи “Индекси ҷаҳонии сифати ҳаво”-и созмони World’s Air Pollution Душанберо ба сафи шаҳрҳои дорои ҳавои ифлос ва хатарнок барои саломатӣ шомил намуд. Гузориши созмон ба маълумоти монитори ҳаво воқеъ дар сафорати ИМА дар Душанбе асос ёфта буд.

Сурат аз iqair.com

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.