Дар натиҷаи тақсимоти асосии Маркази миллии тестӣ (ММТ), аз 80 ҳазору 942 довталаб, ки барои донишҷӯ шудан имтиҳон супориданд, танҳо 57 ҳазору 988 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар шомил гардида, сазовори унвони донишҷӯ шуданд. Дар ин бора ба Азия-Плюс аз Маркази милии тетсӣ хабар дод.
Аз ин ниҳод гуфтанд, аз шумораи умумии довталабон, 22 ҳазору 470 нафар натавонистанд ба макотиби олӣ дохил шаванд. Онҳо имкон доранд, дар тақсимоти такрорӣ, ки аз 12 то 15 августи соли равон баргузор мегардад, ширкат кунанд.
“Дар маҷмӯъ, 82 ҳазору 718 нафар аз ҳисоби хатмкунандаи синфи 11 ва 13 ҳазору 303 аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9 барои супоридани имтиҳон дар ММТ ба қайд гирифта шуданд. Вале 68 ҳазору 745 нафар аз шумораи умумии хатмкунандагони синфи 11 ва 12 ҳазору 197 нафар аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9 дар имтиҳони дохилшавӣ ширкат карданд”, - афзуданд аз ММТ.
Ба гуфтаи манбаъи мо, ҳамин тариқ, баъди супоридани имтиҳон ба тақсимот (озмун)-и ММТ дар маҷмӯъ, 80 ҳазору 458 нафар роҳ ёфтанд, ки аз ин хатмкунандагони синфи 11-ум 68 ҳазору 319 нафар ва синфи 9-ум 12 ҳазору 139 нафар мебошанд.
- Аз шумораи умумии ба тақсимот роҳёфтагон танҳо 57 ҳазору 988 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб шуданд. 22 ҳазору 470 нафар аз имтиҳон афтоданд ва натавонистанд донишҷӯ шаванд, - гуфтанд аз Маркази миллии тестӣ.
Ба таъкиди онҳо аз шумораи умумии донишҷӯёни имсола, 51 ҳазору 809 нафарро хатмкунандагони синфи 11 ва 6 ҳазору 179 нафарро хатмкунандагони синфи 9 ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, 16 ҳазору 510 хатмкунандаи синфи 11-ум ва 5 ҳазору 960 хатмкунандаи синфи 9-ум натавонистанд ки донишҷӯ шаванд. Вале онҳо имкон доранд, дар имтиҳони такрории ММТ, ки аз 12 то 15 август баргузор мегардад, дубора ширкат кунанд ва сазовори унвони донишҷӯ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, дар натиҷаи тақсимоти асосӣ ва такрори ҳудуди 70 ҳазор нафар донишҷӯй шуда буданд.
Гуфта мешавад, ки соли 2021-ум 103 ҳазору 777 нафар худро тавассути ММТ ҳамчун довталаб ба қайд гирифта, шумораи довталабони ба тақсимот (озмун) роҳёфта 81 ҳазору 729 нафарро ташкил медод.
Соли гузашта шумораи имтиҳонсупоридаҳо назар ба соли 2020-ум 13 ҳазору 609 нафар кам буда, шумораи ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо роҳёфта, низ 190 нафар коҳиш ёфта буд. Соли 2021-ум 11 ҳазору 890 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб нашуданд.
Соли 2020-ум 25 ҳазору 309 нафар аз имтиҳони қабул ба донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои миёнаи касбӣ афтиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар соли 2020 ба қонун “Дар бораи вазифаҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шуд, ки тибқи он ба ҷуз аз донишҷӯёни донишгоҳҳо, магистр ва аспирантҳо низ ба артиш даъват карда мешаванд. Коршиносон яке аз омилҳои кам шудани довталабон ва ҳамин тариқ донишҷӯёнро маҳз тағйир ба ин қонун медонанд. Чизе ки мақомот ҳамвора рад мекунанд.
Один процент таланта и 99% трудолюбия Ибрагима Хасанова, который прославил Таджикистан
В Узбекистане запретили использовать в цирке и держать дома диких животных
Теракт в пакистанской Кветте унес жизни по меньшей мере 25 человек
В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС
Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates
Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь
Из России выдворят 20 тысяч нелегальных мигрантов
Футболисты «Равшана» попали в аварию после матча Лиги чемпионов
Министры стран ЦАРЭС запустили региональный климатический фонд
Как сделать Душанбе не только красивым, но и комфортным для его жителей?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста