Ҳилолбибӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар ба суоли чаро аз рӯи натоиҷ ҳама ҳодисаҳои худкушӣ як сабаб – «бемории рӯҳӣ» зикр мешавад, посух дод.
Ӯ имрӯз, 2 август дар нишасти матбуотӣ, дар посух ба ин суол афзуд, ки шахси солим наметавонад ба худкушӣ даст занад, бахусус дар мавриди он худкушиҳое, ки тавассути корд анҷом дода мешавад.
“Албатта ин ҳолатҳое аст, ки онҳо худашонро идора карда наметавонанд. Сабаби ин ҳодисаҳоро прокуратура ва суд муайян мекунад. Онҳо дар аксар ҳолат муайян кардаанд, ки сабаби худкушӣ бемории рӯҳӣ аст”, - гуфт раиси кумитаи кор бо занон.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, сабаби аслии даст ба худкушӣ задани занону духтарон низоъҳои оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ мебошад.
Ҳилолбӣ Қурбонзода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 108 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 21 адад кам аст.
Ҳамин тариқ, дар вилояти Суғд 42 ҳолат ва дар вилояти Хатлон 33 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занону духтарон ба қайд гирифта шудааст.
Кумита барои занони талоқгирифта хобгоҳи муваққатӣ месозад
Дар нишасти матбуотӣ раҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, барои заноне, ки аз шавҳарони худ ҷудо шуда, аз хонаи шавҳар ва волидони худ ронда мешаванд, хобгоҳи муваққатӣ месозад.
Ҳилолбӣ Қурбонзода афзуд, барои сохтмони хобгоҳ дар шаҳри Душанбе аллакай як қитъа замини алоҳида ҷудо шудааст ва бунёди он дар нақшаи сохтмонҳои ҷашнии 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ӯ зикр кард, ки ҳуҷҷатҳо дар Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе дар баррасӣ қарор доранд ва дар сурати пурра ҳал шудани ҳуҷҷатгузорӣ маблағгузории он аз ҳисоби шарикони рушд ё ҳукумат пешбинӣ мешавад.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста