Рӯзҳои 16-17 август сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм аз ВМКБ боздид намуда, дар Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помир- Инвест 2022” дар Хоруғ ширкат кард.
Ҳангоми сафари хеш ба ВМКБ сафир Поммершайм аз барномаҳои кумаки ИМА, ки ҷойҳои корӣ эҷод мекунанд ва ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд, дидан намуд: аз ҷумла аз Нерӯгоҳи барқи обии Себзор, ки аз ҷониби ИМА дастгирӣ мешавад ва он ба беш аз 600 000 нафар нерӯи барқ таъмин хоҳад кард; Маркази амрикоии Хоруғ, ки дар як сол ба зиёда аз 10 000 нафар барномаҳои таълимӣ пешкаш мекунад; ва технопарки Помир, ки дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонон ба таври фосилавӣ дар ширкатҳои амрикоӣ кор мекунанд, хабар медиҳад намояндагии дипломатии ИМА дар Душанбе.
Дар ҷараёни боздиди худ сафир Поммершайм зикр намуд, ки танҳо барномаҳои кӯмакрасонӣ наметавонанд рушди иқтисодиро таъмин намоянд.
Барои ба ҳадафҳои рушди Тоҷикистон дар Бадахшон ноил шудан рушди бемонеаи бахши тиҷорат, ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, интернети боэътимод ва расонаҳои мустақил низ ҳаётан муҳиманд. Барои истифодаи самараноки инноватсия, ҷавонон бояд бидонанд, ки метавонанд идеяҳои худро барои оянда бидуни тарсу ҳарос, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳод кунанд.
Дар фарҷоми сафари худ сафир изҳор дошт:
“Сафорати ИМА аз дастгирии рушди иқтисодӣ, ки ба шукуфоӣ ва тавонмандии ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад, ифтихор дорад. Тайи 30 соли ахир Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон паҳлӯ ба паҳлӯ кор карда, мушкилотро якҷоя паси сар карданд. Мо имрӯз ҳам ин корро идома медиҳем, зеро мо бо шарикони тоҷик барои фароҳам овардани имкониятҳои оянда барои тамоми мардуми ин кишвари зебо ва гуногунҷанба кор мекунем”.
ИМА ба ВМКБ чӣ кумак кард?
Дар сомонаи сафорат ҳамчунин дар бораи кумак аз Амрико ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маълумот дода шудааст:
Кӯмак дар соҳаи энергетика ва таъмини энергия
– USAID ва Бунёди Оғохон барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии 450 кВт, ки барои 2051 нафар аҳолӣ дар деҳаи Рошорви ноҳияи Рӯшон хизмат мерасонад, зиёда аз 1,6 миллион доллар сармоягузорӣ карданд.
– Зиёда аз 3 миллион доллари ИМА барои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва коркарди Нерӯгоҳи барқи обии 11 МВт-и Себзор, ки ба беш аз 225 000 аҳолии Тоҷикистон ва тақрибан ним миллион нафар дар Афғонистон (дар маҷмӯъ 688 000 нафар) хизмат мерасонад.
Барномаҳои таълимӣ
– Гӯшаи амрикоии Хоруғ дар як сол барои беш аз 10 000 нафар сокинон барномаҳои омӯзиши забони англисӣ, технология ва касбомӯзиро пешкаш мекунад.
– Зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни ВМКБ дар барномаҳои стипендияи хурд барои ҷавонони камбизоат барои омӯзиши забони англисӣ ширкат варзиданд.
Зиёда аз 640 000 доллари ИМА барои дастгирии молиявӣ ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ тавассути Комиссияи демократия дар Сафорати ИМА.
– Стипендия барои 38 донишҷӯ барои таҳсил дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ.
– Ҷобаҷокунии стипендиатҳои барномаи амрикоии Фулбрайт ва ассистентҳои таълими забони англисӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва муассисаҳои таълимии маҳаллӣ.
Оби нӯшокӣ:
– Дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон беш аз 200 000 доллари амрикоӣ барои бунёди шабакаи обтаъминкунии нӯшокӣ ва иншооти санитарии мактаб, ки дар деҳаҳои Медон/Савири ноҳияи Роштқалъа ба зиёда аз 400 нафар хизмат мерасонад.
– Дар соли 2022 боз 200 000 доллари амрикоӣ барои шабакаи оби ошомиданӣ дар деҳаҳои Пасору Бопасори ноҳияи Рўшон равона карда мешавад.
Таъсиси ҷойҳои корӣ ва такмили ихтисос:
– Дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон барои таъсиси лабораторияи омодасозии мутахассисони барқ дар Хоруғ беш аз 500 ҳазор доллари ИМА сармоягузорӣ шудааст.
– Зиёда аз 360 000 доллар барои рушди Корхонаҳои хурду миёна дар бахшҳои энергетика, рушди барвақтии кудакон, сайёҳӣ ва IT (61 ҷои корӣ), ва 120 000 доллари дигар дар соли 2023 сармоягузорӣ хоҳад шуд.
– Маблағгузории беш аз 50 000 доллари ИМА барои оғози фаъолияти Технопарки Помир, аввалин чунин «технопарк» дар ВМКБ. Технопарки «Помир» дар маҷмӯъ 100 нафарро бо дурнамои таъсиси 200 ҷойи корӣ дар охири соли 2022, 300 ҷойи корӣ дар соли 2023, 400 ҷойи корӣ дар соли 2024, 500 ҷойи корӣ дар соли 2025 таъмин кардааст.
Кишоварзӣ
– Дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон барои тавсеъаи сохтмони гармхонаҳои хурду бузурги тиҷоратӣ, то соли 2024 афзоиши истеҳсоли сабзавотро 3-8 баробар ва таъсиси ҳудуди 200 ҷойи корӣ ҳудуди 1 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.
– Қариб 330 000 доллари ИМА барои сохтмон/таҷдиди 4 системаи бузурги обёрӣ ва 10 канали хурди обёрӣ дар Дарвоз, Ишкошим, Рошткалъа, Рӯшон ва Шуғнон, ки ба зиёда аз 3700 деҳқонони хурд хизмат мерасонанд.
– Зиёда аз 125 000 доллари ИМА барои сохтмони 7 анбор дар Ишкошим, Рошткал, Рӯшон, Шуғнон ва Ванҷ, ки зиёда аз 620 хоҷагиҳои деҳқонии хурдро таъмин мекунанд.
Кӯмак дар мубориза бо COVID:
– Дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон, 1 650 000 доллари ИМА барои ташаббусҳои вокуниш ба COVID-19, аз ҷумла беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ; чораҳои пешгирӣ, табобат; бо асбобу анҷоми тиббй ва таҷҳизот таъмин намудани беморхонахо; дар беморхонаҳо ташкил намудани кабинетҳои теле-тиббй, дар ҳамаи ноҳияҳои ВАБК ба маҳалҳо ва беморхонаҳо ёрй расондан ва ба манфиати онҳо.
Кӯмак дар соҳаи амният
– Лоиҳаи банақшагирӣ ва роҳбарии патрулӣ, ки аз ҷониби Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) амалӣ мешавад, ба маблағи 300 000 доллари ИМА, аз ҷумла барои гузаронидани 5 курси омӯзишии патрулӣ барои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
– 955 000 доллари ИМА «Омӯзиши тавонмандии сарҳадбонон», ки аз ҷониби Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят (UNODC) амалӣ карда мешавад, аз ҷумла курсҳои омӯзишӣ оид ба мубориза бо терроризм, мубориза бо маводи мухаддир ва таҳлили иттилоотӣ барои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
– Лоиҳа ба маблағи 900 000 доллари амрикоӣ барои “Таҳкими тавонмандии идораи сарҳад” бо назардошти сохтмони 7 манораи дидбонӣ, таҷдид ва таъмири шаш гузаргоҳи марзии байни Ишкошим ва Дарвоз ва таъмири хонаҳои сагҳои сарҳадӣ дар Хоруғ
– 40 000 доллари ИМА барои лоиҳаҳои коҳиш додани талабот ба маводи мухаддир
– Хайрияҳо барои сарҳадбонон, аз ҷумла мошинҳои боркаши дукабинагии Toyota Hi-Lux 4×4 ва квадратсикли Polaris.
– хайрияҳо барои кормандони гумрук, аз ҷумла таҷҳизоти муоинаи бидуни воридшавӣ. Омӯзиши кормандони гумрук оид ба муқовимат ба силоҳи қатли ом ва маводи таркандаи худсохт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
В Душанбе наградили лучших женщин-госслужащих
FORMULA55 продлила контракт с двукратной обладательницей Кубка мира по боксу Мижгоной Самадовой
В Исфаре сотрудники военкомата получили 40 тысяч сомони за поддельные военные билеты
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами при въезде в страну
Президент COP29 призвал радикально увеличить климатическое финансирование
Как исследовательница культуры из Таджикистана рассказывает миру о женской боли на войне
IOM объявляет тендер на реконструкцию здания Центра языка и профобучения Миграционной службы РТ
Центральная Азия рискует потерять до 6% своего ВВП из-за стихийных бедствий
Таджикско-кыргызский товарооборот начал восстанавливаться после трехлетнего падения
В СИЗО и за закрытыми дверями. В Душанбе начался судебный процесс над известными политиками
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста