Бо оғози соли хониш аксари волидон бо масъалаи харидани китобҳои дарсии мактабӣ рӯбарӯ шуда, китобҳои дарсӣ аз ҷумлаи яке аз хароҷоти асосӣ дар ин самт маҳсуб меёбад.
Мувофиқи натиҷаҳои назарпурсии Asia-Plus, 30%-и пурсидашудагон китобҳои дарсиро мустақилона харида, 70%-ашон онҳоро аз мактаб ба иҷора мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, иҷораи бепули китобҳои дарсӣ асосан барои толибилмони мактабҳои русӣ дастрас аст.
Ҳамчунин он баъзан ба арзиши таҳсил дар мактабҳои хусусӣ (21%) дохил буда, аз боқимонда барои иҷораи китобҳои дарсӣ (47%) маблағ ситонида мешавад.
Арзиши умумии иҷораи китобҳои дарсӣ дар як сол метавонад то 50 сомонӣ (барои 24%-и пурсидашудагон), то 100 сомонӣ (20%), то 150 сомонӣ (34%) ва то 200 сомонӣ ва зиёдтар аз он (20%)-ро ташкил дода тавонад.
Ба ин тариқ, метавон ба хулосае расид, ки аксари пурсаидашудагон китобҳои дарсиро ба иҷора гирифта, барои он ба ҳисоби миёна то 150 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд.
Дар мо кай иҷораи бепул ҷорӣ мешавад?
Коршиносон бар ин назаранд, ки иҷораи пулакии китобҳои дарсӣ метавонад риоя накардани ҳуқуқ ба таҳсили умумӣ бошад, ки дар моддаи 41-и Конститусияи ҶТ муқаррар шудааст.
Дар робита ба уҳдадор шудани давлат ба таъмини ройгони тамоми равандҳои марбут ба таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, иҷораи пулакии китобҳои дарсӣ метавонад қонуншиканӣ бошад.
Айни замон ба хонандагон аз оилаҳои камбизоат китобҳои дарсӣ бепул ба иҷора дода мешаванд, мегӯяд Наврӯзи Ҷумъамурод, мутахассиси пешбари Маркази омодагӣ, нашр ва тақсимоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми ҶТ.
“Директорони мактабҳо мустақилона хонандагон аз оилаҳои камбизоатро, ки арзиши иҷораи китобҳоро пардохт карда наметавонанд, муайян карда, дар сурати зарурат ба онҳо бепул китобҳои дарсӣ медиҳанд. Барои боқимонда хонандагон иҷораи китобҳои дарсӣ пулакӣ аст”, - иброз дошт вай.
Ба гуфтаи Ҷумъамурод, Вазорати маориф пайваста таҷрибаи кишварҳои хориҷиро дар ин самт меомӯзад. То ин вақт дар ҳеҷ яке аз кишварҳои наздики ИДМ ин таҷриба амалӣ нашудааст.
Акнун, ки дар Ӯзбекистон чунин таҷриба ҷорӣ шуд, оё дар Тоҷикистон низ иҷораи бепули китобҳои дарсӣ ба хонандагони мактабҳо имкон дорад?
“Қабули чунин қарор барои буҷети мақомоти маҳаллӣ бори вазнин шуда метавонад. Вазорати маориф ва илм дар оянда метавонад имкони пардохти омехтаи иҷора, зиёд кардани теъдоди китобҳои дарсӣ ё арзон кардани арзиши онҳоро баррасӣ кунад, аммо дар ҳоли ҳозир лоиҳаи расмӣ вуҷуд надорад”, - мегӯяд мутахассиси Вазорат.
Алҳол бошад, Вазорати маорифи Тоҷикистон ба хонандагони мактабҳо китобҳои дарсиро барои минбаъд тадриҷан пардохт намудани арзиши онҳо ба иҷора медиҳад.
Дар муддати се сол мактабҳо ба Вазорати маориф арзиши пурраи китобҳои дарсиро пардохт намуда, китоби дарсӣ комилан моликияти мактаб мешавад.
Пардохти маблағ тариқи зайл сурат мегирад: соли аввал мактабҳо 34% аз арзиши китоб ва солҳои дуюму сеюм - 33%-ӣ арзиши онро пардохт мекунанд, ки дар натиҷа 100% пардохти он таъмин мегардад.
Масалан, агар китоби дарсӣ 20 сомонӣ нарх дошта бошад, соли аввал маблағи пардохт 6.80 сомонӣ ва соли дуюму сеюм - 6,60 сомонигиро ташкил медиҳад.
Раҳбарияти мактаб дар бораи боло бурдани арзиши иҷораи китоби дарсӣ то 50% аз нархи иҷораи он дар соли сеюми истифода қарор қабул карда метавонад.
Ин маблағ барои таъмини кори китобхонаҳо, боло бурдани маоши омӯзгорон ё таъмини кӯдакон аз оилаҳои камбизоат бо китобҳо равона мегардад.