Дар мактаби №33-и Волгоград синфе кушода шуд, ки дар он забони русӣ барои ҳеҷ кадоме аз хонандагони он забони модарӣ ба шумор намеравад, зеро онҳо кӯдакони муҳоҷирон мебошанд, хабар медиҳад портали V1.ru.
Бино ба маълумоти нашрия, вақте ки пеш аз 1 сентябр маъмурияти мактаб огоҳ мешавад, ки дар якчанд синфҳо кӯдаконе ҳастанд, ки забони русиро намедонанд, тасмим мегирад, ки синфи махсуси “Ж” боз мекунад.
Гуфта мешавад, дар мактаб ҳамагӣ 14 нафар чунин кӯдакон будаанд ва ҳамаи онҳоро ба як гурӯҳ муттаҳид кардаанд.
“Бархе аз волидонашон ҳам бо забони русӣ ҳарф намезананд. Аз ин рӯ, лозим омад, ки ба онҳо кумак кунем, баъзеашон бо тарҷумон меомаданд”, - иброз доштаааст муовини директори мактаб Елена Елизарова.
Ӯ зикр кардааст, ки ҳамаи волидон ба таҳсили фарзандонашон бо забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд ва инро ҳатто бархӯрди онҳо ба паҳлӯи расмии таълим гувоҳӣ медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки вакили Думаи давлатӣ Виталий Милонов пешниҳод намуд, ки таҳсили кӯдакони муҳоҷирон дар мактабҳои давлатии Русия манъ карда шавад.
Ба хориҷиёне, ки бо оилаҳояшон ба Русия омадаанд, ӯ пешниҳод кард, ки кӯдаконашонро ё ба муассисаҳои таълимии пулакӣ диҳанд ё онҳоро дар хона монанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста