Зикриё Одинаев, падаре, ки навори латукӯби фарзанди хурдсолаш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони интернет қарор гирифт, аз ҷониби пулиси Душанбе боздошт шуда, ҷаримаи маъмурӣ ва огоҳии қатъӣ гирифтааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, Зикриё Одинаеви 47 сола зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ аст ва ҳоло дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт зиндагӣ мекунад. Ӯ соҳиби 4 фарзанд буда, бинобар сабаби нофаҳмиҳои оилавӣ аз ҳамсараш ҷудо шудааст ва 2 фазанди хурдсол зери тарбия ва нигоҳубини ӯ қарор доранд.
Бояд гуфт, ду рӯзи пеш, 10-уми октябр, навори озори кӯдаки хурдсол аз ҷониби падараш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва сару садоҳои зиёдеро дар пай овард.
Зери ин навор дар интернет нисфи истифодабарандагон аз пулиси пойтахт хостаанд, “ин мард, гарчанде падараш бошад ҳам, ба ҷавобгарӣ кашида шавад”. Дар ҳамин ҳол, нисфи дигари онҳо навишта буданд, ки “ин кори шахсии ҳар як оила аст ва падару модар ҳуқуқ доранд, барои тарбияи фарзанд аз ҳама методҳои дастрас истифода баранд”.
Пулиси Душанбе имрӯз аз боздошт ва муайян кардани шахсияти ин мард хабар дод ва гуфт, “бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Зикриё Одинаев маводҳои лозима тартиб дода шуда, бинобар сабаби зери тарбия ва таъминоти ӯ қарор доштани кӯдакони хурдсол ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд”.
Инчунин, гуфта шуд, ки Зикриё Одинаев ҷиҳати такрор наёфтани чунин ҳолат ва тарбияи хуби фарзандон ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар чандсолаи ахир ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои нашр мешаванд, ки боиси ошкорсозии бештари ҳолатҳои қонуншиканӣ ва ҷиноятҳо мешаванд. Пулиси кишвар дар баррасӣ намудани ин гуна наворҳое, ки боиси вокуниши истифодабарандагон қарор мегирад, хеле фаъол аст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста