Шаҳрдории Душанбе аз интиқоли оби нӯшокӣ дар бархе аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт хабар дод. Ин ниҳод гуфт, интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00-и рӯзи 25-уми октябр то соати 24:00-и рӯзи 26-уми октябри соли 2022 қатъ мегардад.
Ин ниҳод гуфт, қарори раиси шаҳри Душанбе аз 5-уми октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» тасдиқ шудааст.
Дар бораи сабаби қатъи оби нӯшокӣ хабар дода намешавад. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мегуфтанд, сабаби қатъи оби нӯшокӣ дар пойтахт таъмири қубурҳо аст.
Манбаъ афзуд, интиқоли оби нӯшокӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳракҳои 42, 43, 46, 62, 64 ва 65, маҳаллаҳои Сомон ва Равшангарон, кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад, Фирдавсӣ ва Неъмат. Қарабоев (аз 34 то 86/3), ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, шаҳракҳои 32, 33, 52, 53 ва 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф, А. Қаҳҳорӣ, П. Сулаймоӣ, Тургенев, Р. Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ ва шаҳраки Севостопол аз соати 23-00 рӯзи 25 октябр то соати 24-00 рӯзи 26 октябри соли 2022 қатъ мегардад.
Шаҳрдорӣ аз шаҳрвандони хоҳиш кард, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.
Ёдовар мешавем, ки аз соати 23:00-и рӯзи 19-уми октябр то соати 24:00-и рӯзи 20-уми октябр низ дар баъзе ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт як шабонарӯз об қатъ гардида буд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста