Дар Душанбе нақша доранд, давоми чор моҳи баъдӣ маҷмааи муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ”-ро таъмири асосӣ (капиталӣ) кунанд. Дар ин бора аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Чанд рӯз аст, ки дар маҷмааи муҷассамаи “Исмоилӣ Сомонӣ”-и шаҳрии Душанбе устоҳои зиёде ба таъмир машғуланд. Онҳо сангҳои “гранити”-и гирди муҷассамаро канда, ҳамчунин дар дохили осорхонаи зери муҷассама машғули коранд.
Аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе гуфтанд, бо супориши шаҳрдори Душанбе ҳудуди ду ҳафта пештар ба таъмири даври муҷассама оғоз карданд ва давоми чор моҳи баъдӣ осорхонаи зери муҷассамаро таъмири асосӣ карда, ҳамаи қубрҳоро иваз мекунанд.
“Мо ба худи ҳайкал намерасем, танҳо сангҳои сурхи даври онро иваз мекунем ва осорхонаи зери ҳайкалро пурра таъмир менамоем. Қубурҳоро, ки чандин сол аст иваз нашудааст, пурра нав мекунем. Онҷо шабакаҳои қубурҳои обгузар ва ҳавокашии зиёд аст, ки аз сабаби фарсуда шуданашон бояд иваз шаванд. Осорхонаро ҳам пурра таъмири капиталӣ мекунем”, - гуфтанд аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе.
Нақшаи тармим аз ҷониби ширкати “Саноатсоз” лоиҳакашӣ шуда, таъмири онро ҶСК “Меъмор ва сохтмон” ба уҳда гирифтааст.
Интизор меравад, ки таъмир дар муҷассама то охири моҳи марти соли 2023 давом ёбад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста