Ҳамсари Далери Имомалӣ (Далер Бобиев), яке аз рӯзноманигорон ва блогнависи зиндонии тоҷик, ки моҳи октябр бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур 10 сол равонаи зиндон шуд, бо ирсоли як мактуб аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостааст, барои озод кардани шавҳараш аз маҳбас мусоидат кунад.
Ин мактуб, ки бо имзои ҳамсари Далери Имомалӣ ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон нигошта шудаву имрӯз, 2-юми ноябр, нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” расид, баъзе аз ҷузъияти парвандаи ин рӯзноманигори зиндониро бозкушоӣ мекунад.
Дар он гуфта мешавад, ки Далери Имомалӣ ҳаргиз ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул набуд ва боз шудани парванда бо соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ) асоси воқеӣ надорад.
“Ӯ ҳамчун соҳибкор худро дар Нозироти андози шаҳри Ҳисор ба қайд гирифта буд”,- зикр кардааст ҳамсари Далери Имомалӣ.
Ӯ гуфтааст, шавҳараш аз аввал то охири фаъолияти блогерӣ қариб 8 ҳазору 300 доллари америкоӣ (қариб 90 ҳазор сомонӣ) даромад ба даст оварда, шабакаи “Ютуб” аз ҳисоби даромуди ӯ ҳамаи андозҳоро ба давлати сабти номшуда, яъне Амрико пардохт кардааст.
“Бо вуҷуди ин, шавҳарам омода буд, ки аз ҳисоби ин даромади қонунии худ ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро пардохт намояд”, - гуфтааст ин зан.
Вай афзудааст, шавҳараш журналист ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, дилсофона нисбат ба камбудию қонунвайронкуниҳои дар ҷомеа ҷойдошта гузоришҳо ва барномаҳо таҳия мекард.
Ҳамсари Далери Имомалӣ ба таври мушаххас аз барномаи таҳиякардаи ин рӯзноманигор ва блогнавис аз ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ёдовар шуда гуфтааст, ки “дар он ҳеҷ гуна туҳмат на нисбати ин мақомот ва на нисбат ба мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҷой надошта, моҳиятан танқиди объективии фаъолияти рӯзмарраи мақомоти ноҳияи Шоҳмансур мебошад”.
Ӯ дар идома, аз моддаи 30 Конститутсияи Тоҷикистон ва моддаи 3 Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ёдовар шудааст, ки якумӣ ҳуқуқи шахсро барои озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дуввумӣ, озод будани матбуоти даврӣ ва дигар ВАО-ро дар Тоҷикистон кафолат додааст.
Номбурда гуфтааст, барномаҳо ва филмномаҳои таҳиякардаи шавҳараш дар кинофестивалҳои байналмилалӣ соҳиби 23 ифтихорномаву грамота гардида, “барои афзудани обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуданд”.
Вай ҳамчунин, аз хислатномаҳои Далер дар ҷойи кораш ёдовар шуда, гуфтааст, ки онҳо гувоҳи инсони эҷодкор, ватандӯст, тарафдори сиёсати Эмомалӣ Раҳмон ва инсони хуб будан ӯ мебошанд.
Ӯ аз эзоҳи моддаи 307 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ, ки тибқи он шахс дар сурати ихтиёран аз иштирок дар ҳизбҳои мамнӯъ дар кишвар даст кашидан, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад, ёдовар шуда, гуфтааст, ки ин меъёр нисбати Далери Имомалӣ татбиқ нагардидааст.
“Шавҳарам Бобиев Д.И. (Далери Имомалӣ-дар назар аст) ҳарчанд ҳеҷ гуна кирдори ғайриқонунӣ содир накарда бошад ҳам, вале самимона пушаймон буд ва илтиҷо дошт, ки ба хотири адолат нисбат ба ӯ талаботи эзоҳи мазкури моддаи 307 кисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон татбиқ карда шавад. Мутаассифона, ин дархости ӯ ба инобат гирифта нашуд”, - нигаронӣ кардааст ҳамсари ин рӯзноманигори зиндонӣ.
Ӯ гуфтааст, онҳо соҳиби 3 фарзанди хурдсоланд ва “бе ягон асос зиндаятим кардани ин ноболиғон бар зиммаи ашхосе мебошад, ки мехоҳанд ғайриқонунӣ ва кӯр-кӯрона ӯро ба ҷавобгарӣ кашида, бо ҳамин обрӯю эътибори Тоҷикистонро ҳамчун давлати дуниявӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ҷонибори озодиҳои сухан дар арсаи байналмилалӣ халалдор созанд”.
Ҳамсари Далери Имомалӣ дар охир аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардааст, ки дар асоси қонун ҷиҳати аз ҷавобгарӣ раҳо намудани шавҳараш мусоидат кунад.
Ирсоли мактуб ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки чанде пеш вакили дифоъ ва наздикони Далери Имомалӣ аз болои ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур ба Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурда, хостори бознигарии ҳукми зинаи поёнии судӣ шуда буданд.
Далери Имомалӣ, ки вақтҳои охир барои “Ютуб-канал”-аш дар мавзуҳои ҳасоси иҷтимоӣ барномаҳо нашр мекрад, моҳи июни соли равон боздошт ва ба соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2), дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ (моддаи 346 қисми 2) ва иштирок дар иттиҳоди экстримистӣ (моддаи 307 қисми 2 банди 3)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар ва 17-уми октябр бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур 10 сол равонаи зиндон ва ба маблағи беш аз 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.
Ӯ худро барои соҳибкории ғайриқонунӣ қисман гунаҳкор дониста, бо ду моддаи дигар худро бегуноҳ медонист.
Муҳокимаи ӯ пушти дарҳои баста ва бе ҳузури наздикону пайвандон ва рӯзноманигрон дар СИЗО баргузор шуд.
Дар пайи боздошти Далери Имомалӣ, ҳамкасб ва ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бар зиддиаш бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз гардид. Ӯ рӯзи 4-уми октябр бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур 7,5 сол равонаи зиндон шуд.
Ғурбатӣ ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар мешавад, вале худаш дар суд ҳамкоришаро бо ин ҳизбу ҳаркатҳо қотеъона рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ба ғайр аз Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ баррасии парвандаи ду рӯзноманигори дигари тоҷик дар суд идома дорад: Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ.
Международный банк Таджикистана открыл новый Центр обслуживания в Пяндже
Туман и риск схода селей: КЧС вновь предупредил таджикистанцев
Новые горизонты для единоборств. Даврон Джураев возглавил Азиатскую федерацию ММА
В Таджикистане обнаружили останки динозавра, датируемые 85 миллионами лет
На АЗС «Газпромнефть» в Душанбе встретили участников международного автопробега Tro-Phy-Gital Tour
Школьники Таджикистана получили возможность участвовать в олимпиаде «Будущее большой химии»
Автозапчасти - какие из них можно купить неоригинальные, а на чем не стоит экономить?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Анор-Крафт-Маркет», акустический вечер и концерт французского пианиста
Лучший вуз Таджикистана занимает лишь 561-е место в Азии
Иногда это «крик о помощи». Как понять, что ваш ребенок попал в «группу смерти»?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста