Осорхонаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷику форс, Қаҳрамони Тоҷикистон дар зодгоҳаш деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро  таъмиру бозсозӣ мешавад, хабар медиҳад Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд.

Гуфта мешавад, бо ташаббуси ҳокими вилояти Бухоро таъмири Осорхона соли 2023 дар назар аст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Суҳроб Бобокалонов, директори минтақавии Департаменти сайёҳӣ ва мероси фарҳангии вилояти Бухоро дар робита ба ин ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ мулоқот ва гуфтугӯ кардаанд.

Дар ин мулоқот ташкили форумҳои муштараки сайёҳӣ, инфотурҳо, хатсайрҳои заминиву ҳавоӣ бо мақсади интиқоли сайёҳон, инчунин дигар масъалаҳои мубрам барои рушди туризм мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

"Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва оромгоҳҳои бузургону орифон, аз ҷумла «Ҳафт пир»-и тариқат, мақбараи нахустин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ, инчунин зодгоҳи Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро дидан намуд",-афзуд манбаъ.

Қаблан гуфта мешуд, ки барои тармими хона-музейи Садриддин Айнӣ, ки дар Самарқанд ҷойгир аст, ҳукумати Ӯзбекистон 300 миллион сӯм, ки ба 37 ҳазор доллар баробар аст, ҷудо намудааст.

Ҳаводорони эҷодиёти устод, ҳамчунин, хоҳиш намуда буданд, ки нимпайкараи ӯ, ки солҳои пеш дар назди хона – музей меистоду пасон онро ба ҳавлӣ дароварданд, ба ҷойи пештарааш баргандонда шавад.

Хона – музейи устод Садриддин Айнӣ дар маркази қисмати қадимаи шаҳри Самарқанд, дар наздикии ансамблҳои меъмории "Регистон" ва "Гӯри мир" ҷойгир шудааст. Устод дар ин хона аз соли 1917, вақте ки аз хашми амир Олимхон паноҳ бурда буд, маскан гирифтааст. Айнӣ дар ин манзил қариб 35 – сол, то оғози солҳои 50 – уми асри гузашта, ба сар бурдааст. Минбаъд устод ба шаҳри Душанбе омада, дар пешрафти илму маориф ва фарҳанги кишвар саҳми босазо гузоштанд.

Таъмиру тармими осорхона ва хона-музейи Садриддин айнӣ дар Ӯзбекистон дар ҳолест, ки хабари тахриби хона-музейи ӯ дар хиёбони Ҳамза Ҳакимзодаи пойтахт аз сӯйи ҳукумати шаҳри Душанбе сару садои зиёдеро ба бор овард.  

Дар пайи фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ, шаҳрдории Душанбе гуфт, хона-музей тахриб намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.