Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик пас аз содир шудани ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба Муассисаи ислоҳии №4, воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст. Дар ин бора наздикони Далери Имомалӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Онҳо гуфтанд, Далери Имомалиро рӯзи шанбеи 10-уми декабр ба Муассисаи ислоҳии №4 интиқол доданд ва онҳо аз ин кор огоҳ набуданд.
“Ҳоло дар роҳем, баъзе лавозимоти заруриро барои эҳтиёҷаш мебарем. Умедворем, ки бо ӯ вохӯрда метавонем”,- гуфт яке аз наздиконаш.
Интиқоли Далери Имомалӣ ба зиндон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро дар робита ба 10 соли зиндон нисбати Далери Имомалӣ бетағйир гузошта буд. Вакили дифоъ ва наздиконаш гуфта буданд, ки ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард.
Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори зиндонии тоҷик аст, ки бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 17-уми октябри соли равон ба 10 соли зиндон ва пардохти 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуд. Додгоҳ ин рӯзноманигорро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор кард.
Худи Далери Имомалӣ дар номае аз дохили боздоштгоҳ, ки ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ирсол шуда, нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” расид, навишт, ки тафтишу мурофиааш пур аз "дурӯғу туҳмат ва духӯрагиҳои зиёд" буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро эътироф намекунад.
Далери Имомалӣ, ки вақтҳои охир барои “Ютуб-канал”-аш дар мавзуҳои ҳасоси иҷтимоӣ барномаҳо нашр мекард, рӯзи 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд.
Ӯ ба соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2), дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ (моддаи 346 қисми 2) ва иштирок дар иттиҳоди экстримистӣ (моддаи 307 қисми 2 банди 3)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар ва 10 сол равонаи зиндон ва ба маблағи беш аз 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.
Муҳокимаи ӯ пушти дарҳои баста ва бе ҳузури наздикону пайвандон ва рӯзноманигрон дар СИЗО баргузор шуд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста