Додани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё шаҳрвандӣ тавассути сармоягузорӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон як таҷрибаи маъмулист. Ҳоло ба ҷуз Тоҷикистону Туркманистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ин самт тадбирҳо рӯйи даст мегиранд.

Мебинем, ки кадом кишвар ва чӣ пешниҳод мекунад

Дар пасманзари муноқишаи Русияву Украина, ки сабаби муҳоҷирати оммавӣ, аз ҷумла русиягиҳо ва тиҷорати онҳо шудааст, масъалаи гирифтани шаҳрвандӣ ба ивази сармоягузорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим шудааст.

Барои ҷалби сармояи Русия Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон сиёсати муҳоҷирати худро тағйир медиҳанд, то ки тартиби дарёфти Ҳуҷҷатти иҷозаи зист ва шаҳрвандиро барои сармоягузоронро соддатар кунанд.

Шояд кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол маконҳои ҷолиб барои тиҷорат ва зиндагӣ набошанд, аммо сиёсати таҳримот алайҳи Русия ва маҳдудиятҳо барои русиягиҳо, аз ҷумла дар раводид ва сармоягузорӣ дар хориҷа дар ояндаи наздик онҳоро ба Осиёи Марказӣ оварда метавонанд, аз ин рӯ, тадбирҳои имрӯза шояд дар оянда муваффақ шаванд.

Инак, кадом кишварҳо чӣ пешниҳод мекунанд?

Ӯзбекистон

Ӯзбекистонро метавон амалгаротарин (самый прагматичный) кишвари минтақа номид, ки вобаста ба ин вазъият аз ҳама пештар чораҳо андешид.

Дар навбати аввал, Ӯзбекистон барои IT-мутахассисон (мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ) фавран шароит фароҳам овард, аз ҷумла барои мутахассисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва IT-ширкатҳо дар назди IT-парки Ӯзбекистон барномаи махсуси TashRush роҳандозӣ шуд. Дар ин ҷо мутахассисони хориҷӣ метавонанд пас аз кӯчидан мутобиқ шуда, инчунин дар ширкатҳои ватании парки технологӣ кор пайдо кунанд.

Ба ширкатҳо ҷиҳати сабти шахси ҳуқуқӣ тариқи низоми “Равзанаи ягона”, дарёфти дафтари корӣ ва ҳайати кормандон кумак расонида шуд.

Танҳо дар давоми як моҳи ҷанг зиёда аз 5 ҳазор мутахассисоне, ки дар ширкатҳои хориҷӣ машғули кор буданд, аз ин барнома истифода карданд. Дар давоми сол тибқи пешгӯиҳо, афзоиши содироти технологияҳои иттилоотӣ дар доираи барномаи TashRush дар Ӯзбекистон бояд то 100 млн доллар расида, дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯби сиёсати давлатӣ барои солҳои 2022-2026, дар соҳаи Технологияҳои иттиллотӣ-коммуникатсионӣ ба маблағи 1,5 млрд доллар лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ мешаванд.

Ӯзбекистон бо чӣ барои мутахассисони IT ҷолиб шуд?

Дар навбати аввал, Ӯзбекистон фавран раводид (виза)-и махсус - IT-Visa ҷорӣ кард, ки эътибораш 3 сол аст. Раводиди сайёҳиро дар як вақт ҳамчунин аъзои оилаи мутахассисон дастрас карда метавонанд.

Ҳамчунин барои онҳо аз пардохти андоз сабукиҳо дода шуда, корхонаҳои IT-парк аз пардохти ҳамаи андозҳо, ба ҷуз андоз аз даромад, ки 7,5% аз маблағи музди меҳнатро ташкил медиҳад, озод карда шуданд.

Айни замон Ӯзбекистон масъалаи додани шаҳрвандиро бо тартиби соддашуда ба ивази сармоягузорӣ баррасӣ дорад.

Дар ин хусус Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии кишвар лоиҳаи дахлдор таҳия намудааст. Дар сурати маъқул дониста шудани лоиҳа, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ на камтар аз 1 млн доллар маблағгузорӣ мекунанд, шаҳрвандии Ӯзбекистонро бо тартиби соддашуда гирифта метавонанд.

Лоиҳаи қонун дар асоси дастури Дастгоҳи президент аз 10 март ва "харитаи роҳ"-и ҳукумат "Дар бораи фароҳам овардани шароити иловагӣ барои истифода аз имконоти шабакаи сайёҳӣ дар шароити бӯҳрони пешбинишудаи байналмилалӣ" таҳия шудааст.

Дар назар аст, ки қабули тағйирот ҷолибияти сармоягузории кишварро баланд мебардорад, ҷалби сармоягузорони хориҷиро зиёд мекунад, таваҷҷуҳи доираҳои кории байнулмилалиро ба муҳити сармоягузории Ӯзбекистон ҷалб месозад ва нуфузи кишварро дар арсаи байнулмилалӣ боло мебарад.

Қазоқистон

Қазоқистон бе ин ҳам яке аз кишварҳои ҷолиб барои тиҷорати кишварҳои минтақа маҳсуб меёфт. Имсол аллакай 250 ширкат аз Русия тиҷорати худро ба ин кишвар интиқол доданд. Ширкатҳои ҷаҳонии Skoda, GE Healthcare, Philips барои ба шаҳрҳои бузург кӯчонидани дафтарҳои корӣ ва мутахассисони худ розигӣ доданд.

Байни омадагон аксар вақт IT-мутахассисон ва одамоне ҳастанд, ки фосилавӣ дар ширкатҳои хориҷӣ кор мекунанд. Онҳо сокинони маҳаллиро аз ҷойи кор маҳрум накарда, аз ҳисоби қобилияти баланди харидорӣ ба иқтисод саҳм мегузоранд.

Ин ба туфайли тадбир ва имтиёзҳои аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон ба сармоягузорони хориҷӣ пешниҳодшуда имконпазир гардид.

Аммо ин ҳам ҳоло охири кор нест. Моҳи сентябр ҳукумати Қазоқистон дар бораи ҷорисозии барномаи муҳоҷирати сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби тоҷирони хориҷӣ ва сармоягузорон ба ин кишвар хабар дод.

Бо ин мақсад ба тарзу усули сиёсати муҳоҷират ва қонун “Дар бораи муҳоҷирати аҳолии Қазоқистон” тағйирот ворид мешавад, саҳеҳтараш шартҳо барои гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист тариқи сармоягузорӣ ё ба истилоҳ “раводиди тиллоӣ” ба муҳлати 10 сол муайян карда мешаванд.

“Раводиди тиллоӣ” ба хориҷиён дар сурати 300 ҳазор доллар маблағгузорӣ кардан ба иқтисоди Қазоқистон дода мешавад.

Дар ин ҳолат, сармоягузор бояд мавҷуд набудани гузаштаи ҷиноӣ ва қонунӣ будани манбаи даромад/сармояеро, ки дархосткунанда ҳангоми сармоягузорӣ дар доираи дарёфти “раводиди тиллоӣ” истифода мебарад, исбот кунад. Аъзои оилаи дархосткунанда низ ҳуқуқи иқомат пайдо мекунанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки нақшаи муҳоҷирати сармоягузорӣ дар сурати роҳандозӣ ва фаъолияти муваффақона якчанд ҳазор хоҳишмандонро ҷалб хоҳад кард.

Лоиҳаи ҳукумат айни замон дар марҳилаи баррасӣ қарор дошта, муҳлати ниҳоии роҳандозии тартиботи нав моҳи июли соли 2023 муқаррар шудааст.

Қирғизистон

Ҳукумати Қирғизистон ҳам аз ҳамсояҳо қафо монданӣ нест. Аз 4 ноябри соли 2022 хориҷиёне, ки ба иқтисоди кишвар 10 млн сом ё худ ҳудуди 120 ҳазор доллар маблағгузорӣ мекунанд, метавонанд бо тартиби тезтар - бидуни 6 моҳ иқомати ҳатмӣ то пешниҳоди ариза, Ҳуҷҷати иҷозаи зист гиранд.

“Ин қарор бо мақсади афзоиши вуруди сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва беҳбуди ҷолибияти Қирғизистон барои сармоягузорӣ қабул карда шудааст”, - зикр гардида буд дар хабари Девони вазирони Қирғизистон дар ин хусус.

То ин дам Ҳуҷҷти иҷозаи зистро хориҷиён танҳо бо шарти тасдиқи ҷойи кор доштан тибқи шартномаи меҳнатӣ бо иҷозаи кор дар қаламрави Қирғизистон, таҳсил дар муассисаи таълимии кишвар ва анҷом додани фаъолияти сармоягузорӣ гирифта метавонистанд.

Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон аз ин навовариҳо чизе шунида намешавад.

Барои сармоягузорон дар Тоҷикистон алҳол раводиди сармоягузорӣ амал мекунад, ки вобаста ба дар куҷо дода шуданаш ба муҳлати 2-3 сол дода мешавад: агар аз ҷониби муассисаи консулгарӣ дода шавад, ба муҳлати 2 сол ва агар он дар худи Тоҷикистон дода шавад - ба муҳлати 3 сол.

Барои гирифтани раводиди сармоягузорӣ дархосткунанда бояд дар ҳаҷми на камтар аз 500 ҳазор доллар маблағгузорӣ намояд.

Дар сурати сармоягузорӣ кардан ба маблағи на камтар аз 1 млн доллар раводид ба муҳлати 5 сол дода мешавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё Тоҷикистон ба ҳамсоягонаш пайравӣ карда, тартиби гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист ва шаҳрвандиро барои сармоягузорон соддатар мекунад ё на.

Дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба “Азия-Плюс” ба савол дар бораи баррасӣ шудани чунин имкон посух дода натавонистанд. Сухангӯи Кумита бо сабаби беморӣ муроҷиат ба кормандони ҷудогонаро тавсия доду онҳо дар навбати худ хадамоти матбуотро, яъне ҳамаи маълумот бояд тариқи онҳо гирифта шавад.

Дар ҳоле ки ниҳоди марбут ба сармоягузорӣ барои дарёфти маълумот монеъаҳо эҷод месозад, дар кишварҳои ҳамсоя дар ин самт шароит фароҳам оварда, дар ин бора маълумот нашр мекунанд.

Дар ҷаҳон

Барномаи гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё шаҳрвандӣ ба ивази сармоягузорӣ дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон амал мекунад.

Соли 2022 баъди якчанд моҳи сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул ё иқтисоди давлат дар 13 кишвар шиноснома дарёфт кардан имконпазир аст:

Австрия (аз €6 000 000);

Малта (аз €690 000) - дар 1-3 сол дода мешавад (аввал Ҳуҷҷати иҷозаи зист ва сипас шаҳрвандӣ);

Черногория (аз €250 000);

Туркия (аз $250 000);

Сент-Китс ва Невис (аз $150 000);

Антигуа ва Барбуда (аз $100 000);

Сент-Люсия (аз $100 000);

Доминикана (аз $100 000);

Гренада (аз $150 000);

Камбоҷа (аз $250 000);

Урдун (аз $1 000 000);

Вануату (аз $130 000).

Давлатҳое, ки дар онҳо метавон ба иқтисоди кишвар маблағгузорӣ намуда, баъди 3-5 сол шиноснома гирифт: ИМА, Канада ва Британияи Кабир.

Дар Малта, Кипр, Булғористон, Испания, Черногория, Португалия, Юнон, Маҷористон (Венгрия), Латвия бо харидани амволи ғайриманқул Ҳуҷҷати иҷозаи зист гирифтан мумкин аст. Маблағҳо дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз 250 ҳазор то 500 ҳазор евроро ташкил медиҳанд. Дар Черногория ва Булғористон барои ин харидани ҳама гуна амволи ғайриманқул кофист.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.