Теъдоди умумии аҳолии Тоҷикистон тайи 30 соли ахир қариб 83% - аз 5 млн 360,9 ҳазор дар охири соли 1991 то 9 млн 886,8 ҳазор нафар дар аввали соли 2022 зиёд шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Барои муқоиса, шумори аҳолии ҷаҳон дар ин давра 47% - аз 5 млрд 414 млн нафар дар охири соли 1991 то 7 млрд 948 млн нафар дар аввали соли 2022 афзуд.

Афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар давраи аз соли 1991 то аввали соли 2022 дар як сол ба ҳисоби миёна 2,7%-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии сайёра дар ин давра ба ҳисоби миёна 1,5% зиёд шудааст.

Ба иттилои Агентии омор, дар ин давра шумори аҳолии шаҳри Душанбе ду баробар (аз 584 ҳазор то 1 млн 202 ҳазор), вилояти Хатлон – 94,3% (аз 1 млн 817 ҳазор то 3 млн 530 ҳазор), вилояти Суғд - 73% (аз 1 млн 634 ҳазор то 2 млн 824 ҳазор), Ноҳияҳои тобеи марказ – 81% (аз 1 млн 158 ҳазор то 2 млн 101 ҳазор), ВМКБ – 36% (аз 169 ҳазор то 230 ҳазор).

Дар ҳамин ҳол, аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми солҳои 2004-2008 аз 209,5 ҳазор то 203,1 ҳазор нафар кам шуда буд.

Қаблан нашрияи “Страна” бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ хабар дод, ки тайи 30 сол афзоиши бештари шумори аҳолӣ дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ки интизорӣ мерафт, дар чоргонаи пешсафон дар ин самт танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифтанд: Ӯзбекистон (+63,4%), Туркманистон (+59,2%) ва Қирғизистон (+47,7%).

Дар Озарбойҷон (+40%) ва Қазоқистон (+14%), ки дар ин кишварҳо бештар мардуми осиёӣ зиндагӣ мекунанд, низ аҳолиашон зиёд шудааст.  

Сатҳи бештари таваллуд дар кишварҳои Назди Балтика сабт шудааст: Латвия дар давраи соҳибистиққлолӣ 28,3% ва Литва - 24,5%-и аҳолиашонро аз даст додаанд.

Дар ин давра аҳолии Гурҷистон 23,2%, Украина - 20%, Арманистон - 15,5%, Эстония - 14,7%, Молдова - 12%, Беларус - 7,8% ва Русия - 2,9% кам шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.