Бӯриннисо Бердиева, рӯзноманигори шуҷоъ ва пурҷасорати тоҷик агар умр боқияш мебуд, имрӯз ба синни 95 солагӣ қадам мегузошт. Ӯ 30-юми декабри соли 1927 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омад ва мактаби ҳизби комунисти вақтро хатм кард.

Мавсуф 20 сол сардабири рӯзномаи “Маориф ва маданият” буд ва аз оғози соли 1963 то соли 1983 ҳадди ақалл дар ҳар шумора як мақолаи хештаншиносиву миллатпарварӣ ба чоп мерасонид. Ин кори Бердиева барои мақомдорони вақт на он қадар хушоянд буд ва бо ҳар амалкардаш ӯ ранҷ мекашид.

Сайидаҳмад Қаландаров, рӯзноманигор ва яке аз ҳамкорони Бӯриннисо Бердиева мегӯяд, “ӯ ба ҷуз чанд “танбеҳ” дигар унвоне нагирифт”. Лек унвонҳое чун “Сардафтари матбуоти озоди тоҷик”, “Бузургбонуи матбуоти Тоҷикистон” ва “Қаҳрамони Наврӯз” баъдан ба номи вай пайванд хӯрд.

“Азия-Плюс” ба муносибати 95-солагии Бӯриннисо Бердиева тасмим гирифт, ки мусоҳибаи ду сол қабли Сайидаҳмад Қаландаровро перомуни рӯзгору корномаи бузургбонуи матбуоти тоҷик аз ҳафтавори “Самак” бо каме ихтисор бознашр кунад.

Саидаҳмад Қаландаров

Се хусусият ва се омили саркӯфта

- Дар нимаи солҳои 70-ум ба “Маориф ва маданият” пайвастам, ки дар авҷи ташвиқи бедорӣ ва худшиносии миллӣ қарор дошт. Дар он замон “Маориф ва маданият” бо сарварии Апаи марҳумамон Бӯриннисо Бердиева (эшонро бо исми эҳтиромӣ ҳама Апа мегуфтем) ба ҷамъоварии зиёиёни равшанфикр машғул буд ва ин даргоҳ донишгоҳеро мемонд, ки беҳтарин устодонро гулчин карда овардааст ва пайвастан ба ин гуна донишгоҳ шарафе маҳсуб меёфт, ки бар ҳар шахс муяссар намегашт.

Рӯзномаи “Маориф ва маданият” чанд хусусияти хос дошт, ки зикри онҳо аз аҳамият холӣ набошад:

Якум, боргоҳе буд, ки ҳама касони воридшаванда тасвия, пок мешуданд ва каси нопок дар он ҷо кор карда наметавонист. Ин маҳаки асосии фаъолият дар рӯзнома ҳисобида мешуду Апа бар он сахт аҳамият медоданд.

Дуюм, дар замони Шӯравӣ ҳарчанд, ки низоми маориф, тандурустӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ғайра дар қиёс ба имрӯз дар сатҳи олӣ қарор дошт ва замони баланд будани маърифати мардум ҳисоб меёфт, аммо идеологияи шӯравикунонӣ бар 3 рукни ҷудонашаванда - забон, анъаноти миллӣ ва пояи ақидаи мардум зулму беадолатӣ мекард.

Аз ин рӯ, фаъолияти аҳли эҷоди рӯзнома барои зинда кардани ин 3 омили саркӯфтаи мақомоти боло, аз худ ба бегона напайвастан ва нигаҳдории фарҳанги миллӣ, адабиёти миллӣ, таърихи миллӣ, одобу русуми қадимаи миллӣ ва дар кул -  бар ҳуввияти миллӣ, равона мегардид.

Сеюм, идораи “Маориф ва маданият” аз ҳар қишри ҷомеа ва аз ҳар минтақаи кишвар беҳтарин намояндаи худро дошт. Беҳтарин нависанда, беҳтарин шоир ва беҳтарин журналистон дар ин ҷо кор мекарданд, ки аз ҳар манотиқи диёр буданд, аммо амиқтарин ҳамдигарфаҳмӣ дар ин байн ҳукмрон буду маҳалгароиву миллатчигӣ решакан шуда буд. Ин як сутун ё худ пояе буд, ки аҳли эҷоди рӯзномаро ба ҳам мепайваст ва як Тоҷикистоне кӯчакро бунёд мекард.


Паноҳандагии Улуғзодаву Одина

- Ҳамин тариқ, “Маориф ва маданият” барои ононе, ки бо ҳар сабабу баҳона аз Иттифоқи нависандагон ва ҳатто аз узвияти Ҳизби коммунист хориҷ мешуданд, аз он ҷумла нависандаи номвар Сотим Улуғзода, шоирон Бозор Собир, Ҳайрат Шанбезода, нависандагону рӯзноманигорон Ҷумъа Одина, Мутеъуллоҳ Наҷмиддинов, Бахтиёр Муртазо паноҳгоҳе буда…

- На танҳо паноҳгоҳе буд, балки минбаре буд, ки барои ҳар яки эшон ҷангид, мубориза бурд. “Маориф ва маданият” аввалин минбари озодандешони тоҷикони ҷаҳон буд. Ин рӯзнома дар солҳои 60 - 80-уми асри қабл, ягона газетаи маорифпарвари Тоҷикистон буд, ки ба ҳар гӯшаву канори Осиёи Миёна, рафта мерасид, аз ҷумла ба шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва Тошканди Ӯзбекистон, Қадамҷову Учқурғон гуфтанӣ қисматҳои ҷанубии Қирғизистон, Сариағоч ва Пахтаарали вилояти Чимкенти Қазоқистон ва ба чандин маҳалли тоҷикнишини дигар.

Он тоҷикони бурунмарзӣ ҳатман андешаву пешниҳодҳои худро ба идораи рӯзнома мефиристоданд. Апа назар ба маводҳои дохили кишвар ба маводу мақолаҳои берун бештар аҳамият медоданд ва дар навбати аввал онҳоро ба чоп мерасониданд. Яке аз корҳои бузурги “Маориф ва маданият” ва Бӯриннисо Бердиева карда ин буд, ки ба дархостҳое “ба фалон мактаби тоҷикии фалон маҳал китобҳои дарсии тоҷикӣ намерасад”, дар газета эълон медод, шароит фароҳам мекард барои ҷамъоварӣ ва мусоидат менамуд, то китобҳо ба ҷойҳои лозима рафта расанд. Ин иқдомро баъдан устод Шакурӣ ва Лоиқ Шералӣ идома доданд ва яке аз забондарозиву сарбаландии тоҷикон гашт, ки Апаи азиз Бердиева оғоз карда буданд.

Иқдоми дигаре, ки Шумо зикр кардед, намунаи олии дастгирии истеъдодҳост. Замони шӯравӣ бисёр истеъдодҳои моро кашф кард, бисёр чеҳраҳои ноошнои моро ба минбар баровард, аммо баъзе шахсиятҳоро бо хурдтарин сабабҳо аз саҳна бурун кард. Намунаи барҷастаи ин устод Улуғзода ва Ҷумъаи Одина аст. Вале бузургтарин иқдомоти Бердиева ин буд, ки Апа дар сахттарин ҳолат ин чеҳраҳоро бар канори худ гирифту бар онон минбар дод.


Вақте ки бо сабаби ба Англия паноҳанда шудани писараш Азиз, Сотим Улуғзодаро аз ҷиҳати сиёсиву идеологӣ бадном карданду минбари адабии Иттифоқи нависандагон - “Садои Шарқ” чопи минбаъдаи осорашро боздошт, фақат “Маориф ва маданият” буд, ки ҳамаи танқиду таъқибҳои расмиро сарфи назар намуда, таълифоти нави эшонро, аз “Ривояти суғдӣ” сар карда, то силсилаи очеркҳои таърихӣ дар бораи рӯзгори Абӯалии Сино, ба табъ расонид.

Бо он вуҷуд, ки устод Сотим Улуғзода аввалин раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, баъди аз сафи  ИНТ ва ҳам аз узвияти КМ ҲК Тоҷикистон хориҷ шуданду бар хиёбон монданд, боз, бар болои ин, раҳматӣ Атахон Сайфуллоев ба муқобили он кас мақолаи интиқодӣ навишту ба Апа, ба “Маориф ва маданият” пешниҳод кард. Бердиева мақоларо гирифтанду гуфтанд, инро ба Сотимхон пешниҳод мекунам ва бо ҷавоби ӯ дар як шумора ба чоп медиҳам. Ва ҳамин хел ҳам карданд. Ба хӯрдагириҳои А. Сайфуллоев зидди асари “Ривояти суғдӣ”, устод Улуғзода бо факту далели таърихӣ ҷавоб гардониданд, ки дар як шумора ва дар як ҳаҷм ба хонанда пешниҳод шуд ва хонанда худ қазоват кард, ки кӣ ҳақ аст. Ин ягона роҳе буд, ки Улуғзода худро ҳимоият мекард, дигар рӯзномаву маҷаллаҳо аз ӯ ҳатто калимае ба чоп намедоданд.

Сониян, ба ин монанд баҳсе миёни Соҳиб Табаров ва Ҷалол Икромӣ шуда буд, ки Бердиева ба устод Икромӣ ҳаққи муҳофизати худро дод ва дар ҳамон ҳаҷми мақолаи Соҳиб Табаров ҷавоби Икромӣ дар як шумора ба табъ расид.

Ва дигар, вақте афсарони идеологии ҳизби ҳоким интишори романи “Гузашти айём”-и Ҷумъа Одинаро ба сиёҳкорӣ айбдор карданд, боз ҳамон Бердиева буд, ки “муҷрим”-ро ба идорааш ба кор пазируфт.

- Зимнан, ҳамкори Шумо Дорои Дӯст миёни паноҳандагон саргузашти нависанда ва тарҷумони барҷаста -  Ҷумъа Одинаро талх арзёбӣ карданд…

- Ҷумъа Одина аз ҷасуртарин нависанда ва рӯзноманигорони давр буд, ки мақолаҳои шадиди интиқодӣ менавишт. Боре аз китоби таърихи халқи тоҷик дар макотиби миёна интиқод кард, ки айб аст дар 8 соли таҳсил 28 соат таърихи миллати худро хонӣ ва он ҳам бо бисёре аз ғалатҳо.

Воқеан, қисмати охири ҳаёти нависанда бисёр ба сахтӣ гузашт. Баъди аз ҷонишинӣ рафтани Асадулло Саъдуллоев ба факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ-и имрӯз), Бердиева Ҷумъа Одинаро ба сифати ҷонишин қабул кард ва борҳо барои қабули пешниҳод ба КМ ариза навишт. Аммо бо ин вуҷуд, ки дар муддати 2 - 2,5-соли фаъолияташ ҷонишинии Ҷумъа Одинаро аз боло қабул накарданд, ӯро Апа ба сифати ғайрирасмӣ ба ин вазифа гумошта буд ва дар ин баробар шахси гурдадоре аз КМ пайдо намешуд, ки гӯяд Ҷ. Одинаро ҷавоб деҳ.

Ҷумъаи Одина дар утоқи кории ман, ки бо Нафасбек Раҳмонов ҳамроҳ менишастем, бо пойи худ омаду пиёлаи чойро гирифт ва бар рӯи миз монду сараш ҳамоил шуд. Дар зери сараш дӯхтаи газетаро гузоштему Апаро фарёд кардем. Он ҳангом духтур омад, ки бадани ӯ хунук гашта буд… Бидуни ҳеҷ дарде ҷонро ба Ҷонофарин супорид.

Ва аввалин гиря аз Бердиева буд, ки нолаи ҷонкоҳ мекард ва ин гиря сангро об менамуд…

Нозбардору сахтгир

- Аксари шогирдону дастпарварони бону Бердиева шоирони номвар шуданд. Омили инро дар чӣ мебинед: озодии фароҳамовардаи Бердиева ва ё истеъдоди фавқулодаи худи эшон?

- Ҳар ду! Апа истеъдодҳоро дар гирди худ ҷамъ мекард ва ба онҳо шароит фароҳам меовард, ки рушд кунанд. Агар ин ҳама чеҳраҳо дар ҷойи дигар ва дар зери дасти каси дигар мебуданд, бо фишор овардан, андешаҳои бикр ва рӯшан олудаву торик мешуданд.


Шахсият ҳамеша дар озодӣ рушд мекунад, дар озодӣ ба камол мерасад ва Апа ин гуна одате дошт, ки аҳли эҷоди идораро комилан озод гузошта буд: кай меоянд, кай мераванд, чӣ менависанд, коре бар онҳо надошт. Танҳо натиҷаро менигарист. Баъзан чанд рӯз намеомад, аммо рӯзи чопи газета ақрабаки соат ба 5 рост, ки шуд, ӯ дар идора буд ва ба саҳифаҳои газета назаре меафканду имзо мегузошт. Замоне шеърҳои миллатпарварона ва шӯрангези “Забони модарӣ”, “Аҳмади Дониш”, “Девори Бухоро” , “Кӯч мебандам”, “Пас аз мо” ва “Ба Ҷумъаи Одина”-и Бозор Собир дар “Маориф ва маданият” ба чоп мерасид, ки ашъори ӯро мамнӯъултабъ эълон карда буданду худаш мавриди таъқиби ошкоро қарор дошт, агар ҷасорат ва майдони фароҳамовардаи Бӯриниссо Бердиева намебуд, ин ва садҳо ашъори дигари Бозор Собир ҳамчун дастхат дар хонаи ӯ боқӣ мемонд.

Баъдан, Бӯриннисо Бердиевна бо вуҷуди озодӣ додан, кормандонро зери назорат ҳам қарор медод ва покии идораро дар мадди аввал мегузошт. Аз ҷумла ҳар шахсе, ки аз идора ба сафари корӣ мерафт, Апа пешакӣ огоҳ мекард, ки “дар рафти кор ҳар мушкилие пеш ояд, маро огоҳ кунед, албатта ҳал мекунам, аммо коре накунед, ки дар ин муддат вақти шумо ба талаф равад,  мабодо, ба айшу нӯше машғул нашавед! Агар ягон калима аз номи шумо ба ин ҷо омад, донед, ки дигар баргаштан нест! Қадаматонро инҷо намемонед, то нопок нашавад!”.

Нозбардори қаҳрамони беунвон

- Гарчанде Бердиеваро бо сахтгуфториву ошкорбаёнӣ мешиносанд, аммо эшонро нозбардори аҳли эҷоди рӯзнома низ меноманд. Муомилаи эшон бо Шумо ва дигар  кормандон чӣ гуна буд?

- Бердиева чунин як хислати нек доштанд, ки ҳеҷ гоҳ дар муҳити корӣ ба сифати муҳаррир ва корманд ба аҳли эҷод наменигаристанд. Байни мо ягон садде набуд ва эшонро мо ҳамчун Апа пазируфта будем.

Нозбардории Апа то он ҳадде буд, ки модар ба фарзандаш мекунад. Мисоле меорам боз ҳам аз Бозор Собир. Ӯ одатан шабҳо хоб надошт, то субҳ шеър менавишту аз паси эҷод буд ва саҳаргоҳ хоб мерафт. Ҳангоме кор меомад, ки соат ба 12 ва 13 расида буду нисфи рӯз рафта. Боре Апа ба ӯ гуфт:

- Ҳой, Бозор, соат чанд?

- Дувоздаҳ!

 - Кори мо соати чанд сар мешавад?

- Нӯҳ!

- Чиро ин қадар дер меойӣ?!

- Набиём, чӣ мегӯӣ?!

Баъдтар Апа гӯё гуфтугӯяшро бо Бозор ҷамъбаст карда бошад, гуфт, “ана бо ҳамин гуна сағираҳо кор мекунам”. Ва бо оҳанги ифтихор афзуд: “Нози ин бачаҳои боистеъдодро ман набардорам, кӣ мебардорад?!”

Аммо Бердиева ҳамеша аз натиҷаи кори Бозор Собир огоҳӣ пайдо мекарданд ва мегуфтанд, ба Бозор кордор нашавед, ӯро ба ҳоли худ монед, чун ӯ кори худро медонад.


Меросе аз модар

- Бердиеваро поягузору сардафтари матбуоти озод дар Тоҷикистон меноманд.  Ба ақидаи Шумо ба Бердиева ҳамеша чӣ қувват мебахшид?

- Дар вуҷуди инсон 2 падида ҳаст: яке падидаи ҷавҳарӣ, ки модарзодист ва дигарӣ падидаи ҳаётӣ, ки омӯзанда аст. Ҷасораи Бӯриннисо, чунон ки худ мегуфтанд, модарзодӣ буд. Ба беадолатӣ мубориза бурдан, ба дурӯғгӯйӣ нафрат доштан, ба адолат ҳамраъй будан, чеҳраҳои шинохтаро эҳтиром кардан ва дар сурати роҳбарӣ интихоб карда тавонистани чеҳраҳо ва билохир пок нигоҳ доштани пирхона (ҷои кор), ин ҳама аз модар ба эшон гузашта буд. Ва қавли худашон ҳам ҳаст, ки мегуфтанд, ман ҳар чӣ дорам, аз модарам гирифтаам, мероси мондаи ӯст.

- Чаро “болонишинҳо” бо Бердиева “баробар ё худ сарбасар шудан” намехостанд ва 20 сол бо он кас “тоқат” карданд?

- Ин ба шахси Апа - Бӯриннисо Бердиева бармегашт, чун аз аҳволи ҳокимони давр иттилои комил дошт ва бар ҳамин далел, ки сирру асрори ононро медонист ва бар рӯяшон ошкоро мегуфт, касе аз мақомот дар ин беш аз 20 соли роҳбарии ӯ ҷуръат накард, то ӯро барканор кунанд ва дар охир ҳам бо баҳонаи “ба нафақа рафтан” эшонро барканор карданд.

- Сабаби асосии рафтани Бӯриннисо Бердиева аз “Маориф ва маданият” чӣ буд?

- Дар ҳар як шумораи “Маориф ва маданият” аз оғози соли 1963, замони ба кор шурӯъ кардани Апа, то соли 1983, соли аз кор рафтанашон, ҳадди ақал як мақолаи хештаншиносиву миллатпарварӣ ва бар гуфтаи ҳамон замон - “зидди ҷараён” ба чоп мерасид ва бино бар ин “ҷурм”, ҳар шумора дучори ҳамлаи мақомоти вақти Тоҷикистон мегардид. Бо ин аз КМ ҲК ҳафтае набуд, ки то 2-3 маротиба ҷеғ назананд. Дар ин маҷолис Апа бо ёварашон устод Дорои Дӯст мерафтанд ва баъди соате меомаданду кори идора мисли пеш идома меёфт ва ин барои мо кори маъмулӣ шуда буд. Аммо бо ин ҳама, ҷони кормандони ҳизб то ба гулӯ расида буд ва намедонистанд бо чӣ баҳонае аз Бердиеваи ёғиву саркаш халос шаванд.

Дар оғози соли 1983, вақте Ҳилол Каримов - муаллифи китоби “Алифбо”, аз телевизиони Маскав иддао кард, ки то Инқилоби окятбр ва таҳияи китоби мазкур, тоҷикон аслан хату савод ва мактабу мадраса надоштанд, моҳи феврал 17 тан равшанфикрони беҳтарини кишвар, ба шумули Раҳим Мусулмониён ва Нозирҷон Арабзода нома ё худ раддияи эътирозӣ бо номи “Таърих гувоҳ аст” навиштанд, ки ҷойе онро ғайрат ба чоп накард. Аммо баробари ба Апа пешниҳод кардан, эшон иҷоза чопро доданд.

- Дар зимн, “Таърих гувоҳ аст” чӣ гуна ба чоп рафт, дар ҳоле ки ҳамаи маводҳо пеш аз чоп аз зери назари Главлит мегузашт?

 - Мо дар ин ҳол сирри касбӣ доштем: дар саҳифа ба ҷойи маводҳое, ки хусусияти худшиносӣ доштанд, ягон мақолаи нарм ҷойгузин карда, макети рӯзномаро ба Главлит мефиристодем ва то имзои чопи рӯзнома расидан, мақолаи заруриро бо иқтибосҳои фаровон аз Карл Марксу Ленин барои ҳимояи муаллиф “зиннат” медодем. Макет ки расид, мақоларо табъи дил ҷой дода, ба чоп мебурдем ва бо ҳамин Кумитаи Марказӣ баъди чоп огоҳ мешуд.

“Таърих гувоҳ аст” низ бо ҳамин усул ба чоп рафт ва ин баҳонаи бузурге шуд, ки алами ҷабрҳои 20-солаи дидаро кормандони КМ аз Бӯриннисо кашанд. Гарчанде ин мақоларо ҳам хеле хуб аз суханони бузургон “мусаллаҳ” карда будем, вале натавонист саркӯбии ногузирро аз сари “Маориф ва маданият” ва Бердиева дур кунад. Вақте ки муаллифони мақоларо бурда истинтоқ карданд, ба ҷуз Нозирҷон Арабзода, дигарон сару калобаашонро гум карданд. Хархаша аз моҳи феврал то моҳи июни соли 1983 давом кард ва бо ҳамин “Таърих гувоҳ аст” охирин қатрае шуд, ки косаи сабри ҳокимони вақтро лабрез карду Апаро аз симати “Маориф ва маданият” бо далели “бознишаста шудан”, барканор карданд.

Вале ҳайбати Апа ҳатто баъди барканориаш чунон буд, ки чор моҳи дигар ҳеҷ касе аз Кумитаи Марказии Ҳизби комунист ҷуръат накард, то бо фармони барканории ӯ пой ба идораи “Маориф ва маданият” гузорад. Чун онҳо барои барканории аксари кормандони рӯзнома камар баста буданд, Бердиева истодагарӣ кард. Чанд нафарро ба ҷои Апа таъйин карданд, аммо ӯ гуфт, агар каси маъқули ман набошад, намепазирам. Билохир Бобо Насриддинов - масъули бахши матбуоти КМ-ро оварданд, ки нисбатан ба дидгоҳи Апа мувофиқ буд.

Ниҳоят рӯзе фаро расид, ки як ҳайати 10-нафара бо шумули мудири шуъбаи таблиғи КМ И. Қаландаров ва вазири маориф Рауф Додобоев бо фармон ва ҷойгузинӣ ба идора омаданд. Худи Апа, ки набуданд, дар кабинети ҷонишинашон Асадулло Саъдуллоев ҷамъ омадем. Ин гурӯҳи “ҷасур” чун идораро гӯиё бесоҳиб диданд, бо дӯғу пӯписа ба кормандон ҳарф мезаданд ва мақсади ниҳоии гап ба Апа рафта мерасид. Ҳамин ҳангом, чун ҳарвақта Апа аз даромадгоҳи идора ворид шуданду зани русеро, ки дар ошёнаи якум кор мекард, бо овози баланди хоси худ пурсон шуданд: “Валентина! Как ты?”. Ин садои Апаро “воизон” шунида ба куллӣ овозашон дарун зад. Ҳама хомӯш, сокит, ҳатто ки пашша пар занад, овозаш шунида мешавад. Апа то расидан ба утоқи ҷонишин чанд кас, аз ҷумла мудири шӯъбаи муҳосибот - Надежда Михайловнаро аҳволпурсӣ карданд ва билохир бо садои баланд ва попартоиҳои мардона расиданд ба ҷойи ҷамъомадаи мову дарро кушоданд ва нигоҳе карданду гуфтанд:

- Ҳа, ғайбат карда - ғайбат карда нишастеду садоро шунида хомӯш шудед?! Ғайбатро идома диҳед, - ва дарро пӯшиданд.


Касе ғайрат накард, ки сухане занад. Боз Апа дарро кушоданду бо виқоре хос идома доданд:

- Ман аз овардани Бобои Насриддин бисёр хурсанд. Лекин, агар як мӯйи сари як корманди ман аз сараш кам шавад ва ягон қасде дошта бошед, инро дониста монед, ки Бобо ҳам дар ин ҷо кор намекунад, шумо ҳам дасти холӣ меравед ва ин идора боз мемонад бар дасти Бердиева!

Ин ду суханро гуфтанду дарро пӯшиданд ва рафтанд. Вале бо ҳамин таъсири сухан ягон нафари аҳли эҷод аз идора берун нарафт. Тавоноии як зане, ки беҳтар аз ҳазор мард аст.

Апа танҳо баъди ин барканориашро қабул карда, умурро ба дасти Насриддинов супорид. Қазия бо ҳамин ба хайр анҷомид ва бо ҳамин ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт… Дигар ҳеҷ касе аз Ҳукумат ёдаш накард, агарчӣ хидмати бисёре карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.