Ширкати Роҳи оҳани Русия барои мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, аз 5 то 35 дарсад тахфиф пешниҳод кардааст, ки он соли 2023 эътибор пайдо мекунад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба сомонаи ҶСК «Роҳи оҳани Русия» хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки дар соли равон тахфифи “Тоҷикистон. Ба нақша гиред” роҳандозӣ мегардад ва он то 28-уми декабри соли 2023 эътибор дорад.
Ҳамин тариқ, агар мусофирони купе ва СВ-вагон аз 45 то 41 рӯз пеш аз рафтани қатора чипта харидорӣ кунанд, 35 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад.
Агар аз 40 то 11 рӯз пеш аз ҳаракати қатора гиранд, 25 дарсад, аз 10 то 6 рӯз пеш аз ҳаракати қатора харидорӣ кунанд, 15 дарсад ва аз 5 то рӯзи ҳаракати қатора чипта харанд, 5 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад.
Ҳамчунин, барои мусофирони вагонҳои дараҷаи дуюм (пласкарт) аз 5 то 25 дарсад тахфиф пешниҳод шудааст.
Аз ҷумла, агар мусофирон аз 45 то 41 рӯз пеш аз рафтани қатора чипта харидорӣ кунанд, 25 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад. Агар аз 40 то 11 рӯз пеш аз рафтани қатора чиптаро гиранд, 15 дарсад, аз 10 то 6 рӯз пеш аз рафтани қатора 5 дарсад тахфиф пешниҳод мешавад.
Агар аз 5 рӯз то рӯзи ҳаракати қатора чипта харидорӣ шавад, тахфиф пешниҳод намешавад.
Қобили зикр аст, ки имрӯз як чипта аз Волгоград ба Душанбе дар пласткарт 7 793 рубл (1 130 сомонӣ) ва дар купе 9 917 ҳазор рубл (1 438 сомонӣ) арзиш дорад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста